09.04.2025

ХОНИШИ СИЁСӢ: МУҚОВИМАТ БА ИФРОТГАРОӢ ВА ПЕШГИРИИ ХУДКУШӢ ДАР МИЁНИ ҶАВОНОН

ХОНИШИ СИЁСӢ: МУҚОВИМАТ БА ИФРОТГАРОӢ ВА ПЕШГИРИИ ХУДКУШӢ ДАР МИЁНИ ҶАВОНОН Бо мақсади татбиқи амалии «Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025», инчунин, дастуру супоришҳои раиси шаҳри Ҳисор муҳтарам Носирзода Ҷаббор санаи 9 апрели соли 2025 дар толори маҷлисгоҳи Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор” бо ташаббуси шуъбаи тарбия таҳти мавзуҳои мубрами рӯз: «Пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ» ва «Пешгирии худкушӣ ва суиқасд ба ҷони худ» хониши сиёсӣ баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур шахсони масъул ва фаъолони муассиса, аз ҷумла муовини директор оид ба тарбия Сангинова С.О., декани факултети кори ҳамширагӣ дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ Шарофов С.М., сардори шуъбаи таълим Азизӣ Н.Н., раиси Шурои занон ва духтарон Қосимова Д.М., ҳуқуқшиноси муассиса Қосимова Ҳ.Ҳ., сармутахассиси шуъбаи тарбия Саломов Ф.С. ва як қатор донишҷӯёни фаъол ширкат варзиданд. Дар ҷараёни хониши сиёсӣ масъалаҳои муҳими марбут ба амнияти ҷомеа, хатарҳои афзоишёбандаи гурӯҳҳои ифротӣ ва сабабу омилҳои равонии худкушӣ дар миёни ҷавонон мавриди таҳлил ва баррасии амиқ қарор гирифтанд. Ҳадафи асосии чорабинӣ — баланд бардоштани сатҳи огоҳии сиёсию ҳуқуқии донишҷӯён, ташаккули ҳисси масъулиятшиносӣ, ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ буд. Дар идомаи чорабинӣ муовини директор оид ба тарбия, Сангинова С.О., нахуст баромад намуда, бо таъкиди аҳамияти чунин чорабиниҳо иброз дошт, ки дар шароити муосири ҷаҳонишавӣ, ки зуҳуроти ифротгароиву тундгароӣ бештар ба чашм мерасад, тарбияи ҷавонони солимфикру бедордил муҳимтарин вазифаи ҷомеа ва махсусан муассисаҳои таълимӣ ба ҳисоб меравад. Ӯ афзуд, ки ҷавонон бояд ҳамчун нерӯи созанда ва пешбарандаи давлату миллат дарк намоянд, ки танҳо бо илм, ахлоқи баланд ва ҳисси баланди масъулият метавонанд дар ҳаёти ҷомеа нақши босазо гузоранд. Сармутахассиси шуъбаи тарбия Саломов Ф.С. дар суханронии худ таъкид кард, ки яке аз сабабҳои асосии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ — набудани маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ, дастрас набудан ба иттилооти саҳеҳ ва дур мондан аз илм мебошад. Ӯ бо далелҳои возеҳ нишон дод, ки ташкилотҳои ифротгаро маҳз ҷавонони бесаводу бекорро ҳадаф қарор медиҳанд ва онҳоро бо ваъдаҳои бардурӯғ ба роҳи бад мебаранд. Дар мавриди зарурати ташкили муҳити солим дар муассисаҳои таълимӣ ва тақвияти корҳои тарбиявӣ миёни донишҷӯён сухан гуфта, пешниҳод намуд, ки дар баробари таълим, ба тарбия ва ташаккули ҷаҳонбинии дурусти донишҷӯён таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардад. Махсусан ба масъалаи нақши муҳими занон ва духтарон дар таълиму тарбияи ахлоқӣ ва пешгирии шомилшавӣ ба ҳаракатҳои ифротӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, қайд кард, ки духтарон бояд бо фарҳанги миллӣ, ахлоқи ҳамида ва илм мусаллаҳ бошанд, то дар оянда ҳамчун модари ояндасоз дар ҷомеа мавқеи устувор дошта бошанд. Ҳуқуқшиноси муассиса Қосимова Ҳ.Ҳ. иштирокчиёнро бо қонунгузорӣ ва стратегияҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мубориза бар зидди ифротгароӣ ва терроризм, инчунин, ҷавобгарии ҳуқуқии шахсоне, ки ба гурӯҳҳои мамнӯъ шомил мешаванд, шинос карда, донишҷӯёнро ҳушдор дод, ки ноогаҳӣ аз қонун ҷавобгариро сабук намекунад ва донистани ҳуқуқу уҳдадориҳо кафолати амнияти шахсӣ ва ҷамъиятӣ мебошад. Дар қисми хотимавии чорабинӣ, байни устодон ва донишҷӯён мубодилаи афкор ва саволу ҷавоб баргузор гардид. Донишҷӯён бо шавқу рағбати зиёд иштирок намуда, андешаҳои худро оид ба роҳҳои пешгирии шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ ва худкушӣ баён доштанд. Хулоса, аз ҷониби масъулин таъкид гардид, ки баргузории чунин чорабиниҳои маърифатӣ на танҳо сатҳи огоҳии сиёсию ҳуқуқии донишҷӯёнро боло мебардорад, балки дар ташаккули насли бедордилу ватандӯст ва худшиноси миллӣ нақши муассир мебозад.