06.06.2022

Фаввораи эҳсос

  • (admin) Fira Fira
  • 78

Бахшида ба 15-солагии фаъолиятии эҷодӣ ва рӯйнамоии китоби "Фаввораи эҳсос" омӯзгор, адиби ҷавон Бобораҷаб Сабурӣ дар Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор" чорабинии фарҳангиву маърифатӣ баргузор гардид, ки дар он адибону шоирон, мутрибону сарояндагон иштирок намуда, ибрози андеша карданд. Бобораҷаб Сабурӣ, адиби ҷавон омӯзгор, адабиётшинос дорои маълумоти олӣ буда аз 01.12.2021 ба ҳайси мудири шуъбаи умумии Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор” адои вазифа намуда истодааст. Мавсуф: Узви иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, узви маҳфили “Истеъдод”-и Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор, узви маҳфили “Чароғи адабӣ”-и ИНТ, узви маҳфили “Ҳамешабаҳор”-и КМТ. Иштирокчии конфронси 14-уми адибони ҷавони ИНТ дар шаҳри Хуҷанд дар соли 2020, иштирокчии барномаи адабии “Вожазори маонӣ”-и ТВ Сафина, иштирокчии чандин барномаҳои телевизионӣ ва радиоӣ, Асосгузори маҳфили “Адибони наврас” дар шаҳри Ҳисор ва ғайраҳо мебошад. Нигоштаҳояш дар китобҳои дастҷамъонаи “самари ишқ”, “Суханварони водии Ҳисор”, “Ғунчаҳои Ҳисор”, “Ёде аз Абдулло Муродов” ба нашр расонидааст. Мақолаҳои илмиву оммавиаш дар рӯзномаву маҷаллаҳои “Ҳисори шодмон”, “Ҳисор зарнисор”, “Маорифи Ҳисор”, “Дунёи китоб”, “Чархи гардун”, “Насими айём”, “Самак” ва ғайраҳо чоп гардидаанд. Бобораҷаб Сабурӣ дар қатори корҳои эҷодӣ ва навиштани шеър боз ба корҳои илмӣ, низ машғул мебошад. Аз соли 2018 дар мавзӯи “Образи Карим Девона Дар ҷустуҷӯи Карим Девонаи Ҳабибулло Назаров” зери роҳбарии Профессор, Равшан Раҳмонӣ ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ машғул мебошад. Саҳми ӯ дар ташкил намудани Осорхонаи варзишии кишваршиносии Абдулло Муродов назаррас мебошад. Фаъолияти кориашро аз замони донишҷӯёи ба ҳайси омӯзгор дар МТМУ № 67 шурӯъ намудааст. Соли 2017 ба ҳайси мушовири директор дар Маркази санъат ва эҷодиёти кудакон ба номи Парии Ҳисорӣ шаҳри Ҳисор ба кор пазируфта шуд ва дар ин Маркази муқаддас то соли 2018 кор ва фаъолият намудааст. Соли 2019 ба ҳайси ҷонишини директори генералии “Осоишгоҳи Сатурн” кор ва фаъолият намуд. Соли 2020 дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор ба ҳайси мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Дастгоҳи раиси шаҳри Ҳисор кор ва фаъолият намудааст. Масъули эҷодиаш бо номҳои: • Диёри сарсабз, 2009; • Шохаи гул, 2011; • Ибтидо, 2014; • Тифли баҳор, 2016; • Кудаки андеша, 2018; • Хомапайғом, 2018; • Шакари шукр, 2019; • Бодпо, 2020; • Гулдастае аз боғи дил, 2021. ба нашр расонидааст. Ӯ дорандаи унвони Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва медали 3000-солагии шаҳри Ҳисор мебошад.