Саломатии миллат – бойгарии давлат аст. Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор» бо фармони Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон №724 аз 16 июли соли 1986 ва Қарори кумитаи иҷроияи Совети депутатҳои халқии райони Ҳисори Республикаи Советии Социалистии Тоҷикистон аз 6 майи соли 1986 дар заминаи филлиали дар ноҳияи Ҳисор будаи Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Душанбе таъсис дода шудааст. Дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №148 аз 3 марти соли 2014 «Дар бораи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Ҳисор ба МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор” табдил дода шуд. Дар МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор” намуди таҳсил рӯзона ва шабона ба роҳ монда шуда, айни замон 160 нафар омӯзгорӣ асосӣ ва 86 нафар омӯзгори соатбайъ, унвонҷӯён, докторант ва дараҷаҳои тахассуси олӣ, якум ва дуюм фаъолият менамоянд. Дар муассиса аз рӯи ихтисосҳои: - 2-790101 Кори табобатӣ 4 (чор) сол, - 2-790102 Кори момодоягӣ 4 (чор) сол, - 2-790106 кори ҳамширагӣ 9 – 4 сол 11 - 3 - 2-790107 Кори табобати дандон 3 сол - 2-790108 Кори фармасевтӣ 9 – 4 сол 11 - 3 - 2-790133 кори дандонсозӣ 3 сол мутахассисон омода карда мешаванд. Маблағи таҳсил (шартнома)-и донишҷӯён дар соли таҳсили 2025-2026: - Кори ҳамширагӣ – 3275,47 сомонӣ. - Кори момодоягӣ – 3354,12 сомонӣ. - Кори фармасевтӣ – 3916,77 сомонӣ. - Кори табобатӣ – 3189,56 сомонӣ. - Кори табобати дандон – 5203 сомонӣ - Кори дандонсозӣ – 4157,56 сомонӣ. Тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа ва Оинномаи муассиса ба маъюбон ятимон, нимятимон ва оилаҳои ниёзманд имтиёзҳо дода шуда ва бо мақсади ҳавасмандкунии донишҷӯёни гурӯҳҳои буҷавие, ки бо баҳои хубу, аъло таҳсил менамоянд, бо идрорпулӣ (стипендия) ҳавасманд гардонида мешаванд. Дар соли таҳсили 2025-2026 дар коллеҷ 2570 нафар донишҷӯ, ки аз ин 2030 нафар духтарон аз 49 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ таҳсил менамоянд, аз ҷумла: Вилоятҳои Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Суғд, Хатлон, шаҳри Душанбе ва дигар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ. Айни замон дар коллеҷ 4 факултет ва 6 кафедра: дар 4 бинои таълимӣ, як бинои иловагӣ, 104 синфхона, кабинети компютерӣ, толорҳои лексионӣ, 121 адад компютерҳои ҳозиразамон, китобхона бо хаттӣ интернети баландсуръат пайвастшуда, 16610 китобҳои дарсӣ, китобхона бо 50 ҷои нишаст, 6 адад доскаҳои электронӣ, 2 ошхонаи донишҷӯён бо 120 ҷои нишаст, толори маҷлисӣ, кабинети Маркази тестӣ, майдончаҳои варзиш барои бозиҳои футбол, волейбол, озмоишгоҳи кимиёвӣ, физикавӣ, биологӣ, озмоишгоҳи дандонсозӣ ва кабинети лингофонӣ фаъолият менамоянд. Дарсҳои амалӣ ва таҷрибаомӯзиҳо дар Беморхонаи марказии шаҳри Ҳисор, Маркази назорати давлатии санитарию - эпидемиологии шаҳр, Беморхонаи рақами 1, Марказҳои саломатии шаҳру деҳот, Беморхонаи бемориҳои сироятӣ, шуъбаи гушӯ гулӯ ва бинӣ, Таввалудхонаҳои №1 ва 2, инчунин, дар МД “Маҷмааи тандурустии Истиқлол” МД ММТҶТ – “Шифобахш”, МД МТШ №1, МД Пажуҳишгоҳи Гастроэнтерология, ҶДММ “Тиб барои Шумо”, ҶДММ “Райҳон фарм” ва ғайраҳо дар асоси шартномаи тарафҳо таҷрибаомӯзиҳо гузаронида мешаванд. Суроғаи мо: индекс 735024, шаҳри Ҳисор, Ҷамоати деҳоти Дурбат, деҳаи Ҷавонон, почтаи электронӣ: info@mch.tj, сомонаи расмӣ https://mch.tj Facebook: Маркази матбуоти МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор” Рақамҳо барои тамос: (+992) 903687979 (+992) 987194242 Рамзи мо дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 524

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» 21.12.2021

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» 23.12.2022

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» 28.12.2023
