КОНФЕРЕНСИЯИ НАЗАРИЯВӢ БО МАҚСАДИ АМАЛИГАРДОНИИ “БИСТСОЛАИ ОМӮЗИШ ВА РУШДИ ФАНҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ, ДАҚИҚ ВА РИЁЗӢ ДАР СОҲАИ ИЛМУ МАОРИФ”

Бо мақсади иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июли соли 2020, №427 “Дар бораи Нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2020-2025 оид ба амалигардонии “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон намудани солҳои 2020-2040” ва қарори раиси шаҳри Ҳисор аз 25 августи соли 2020, №997 “Дар бораи иҷрои Нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2020-2025 оид ба амалигардонии “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” дар Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор” дар кафедраи фанҳои табиӣ-риёзӣ таҳти роҳбарии мудири кафедра Улуғов Оқилҷон бо иштироки кормандон, омӯзгорон ва донишҷӯён дар мавзуҳои “Хавфи уран ба саломатии инсон”, “Калсий ва хосиятҳои биологии он дар организми зинда” ва “Об барои рушди устувор” конференсияи назариявӣ баргузор карда шуд.
Конференсияро мудири кафедраи фанҳои табиӣ-риёзӣ Улуғов Оқилҷон ифтитоҳ намуда, оид ба зарурати қабули барномаҳои давлатӣ ибрози ақида намуданд.

  • Истиқлолияти давлатӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон дастоварди бузург маҳсуб мешавад, зеро мусоидат намуд, ки рушди босубот дар кишвар таъмин гардад, сатҳи некуаҳволии аҳли ҷомеа беҳтар шавад ва натиҷаҳои бузург дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба даст оварда шаванд. Баъди расидан ба ҳадафҳои собитқадамона зарурати қабули барномаҳои давлатӣ, стратегияҳо ва консепсияҳои мукаммал пеш омад. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулони ҳар соҳа супориш доданд, ки якҷо бо мутахассисони ватанӣ ва хориҷӣ таҷрибаи кишварҳои ҳамсоя ва пешқадамро омӯхта, барномаҳои мукаммали соҳавӣ таҳияву омода намоянд ва барои баррасию тасдиқ ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод созанд. Ин имкон дод, ки дар аксари соҳаҳои иқтисоди миллӣ санадҳои зарурӣ қабул шуда, роҳҳои рушди мамлакат боз ҳам васеъ гардиданд – иброз доштанд, мудири кафедра Улуғов Оқилҷон.
Сипас, омӯзгори калони фанни химия Неъматов Бахтиёр дар мавзуи “Хавфи уран ба саломатии инсон” баромад намуда, қайд карданд, ки
  • Уран метали нодир ва гаронбаҳои радиактивӣ буда, ранги нуқра дорад. Он қаблан ҳамчун маводи рангкунанда барои сохтани сафол ва шишаи ранга истифода мешуд. Ба вуҷуди ин, имрӯз уранро барои қобилияти тақсим кардани ядроҳои худ барои тақсим кардан ва ҷудо кардани гармӣ зиёд истифода мебаранд. Ин мавод асоси энергияи атомӣ ва силоҳи атомӣ мебошад. Чунин ақида вуҷуд дорад, ки дар оянда уранро барои сохтани муҳаррикҳои ракетӣ истифода бурдан мумкин аст. Маълум мешавад, ки ин элементи химиявии радиактив дар илм ва ҳатто дар ҳаёти мардуми оддӣ нақши хеле муҳим дорад - на танҳо истеҳсоли нерӯи барқ ва сатҳи аслиҳа ба он вобаста аст, балки имкони боздид кардани одамон дар оянда низ ба он вобаста аст.
Инчунин, омӯзгорони фанни химия Абдухолиқова Шукрона дар мавзуи “Калсий ва хосиятҳои биологии он дар организми зинда” ва Фармонзода Бахтиёр дар мавзуи “Об барои рушди устувор” бо маърузаҳои пурмуҳтавои хеш баромад намуданд.
Дар фарҷом миёни баромадкунандагон ва донишҷӯён мубодилаи афкор сурат гирифта, аз чорабинии мазкур донишҷӯён таасуроти маънавӣ гирифтанд.