КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ КОРРУПСИЯ БО ИШТИРОКИ НАМОЯНДАГОНИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар МДТ «Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор» дар асоси дастуру супоришҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.12.2023, №1-5/10466, нақшаи кории шуъбаи тарбия ва кафедраи фанҳои гуманитарӣ бо иштироки намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавлонназар Кишвар, Абдуллозода Одил Толиб, кормандон, омӯзгорон ва донишҷӯён ҳамоиши илмӣ-назариявӣ дар мавзуҳои «Таърихи пайдоиши коррупсия», «Омилҳои иҷтимоӣ-иқтисодии густариши коррупсия ва роҳҳои муқовимат ба он дар Тоҷикистон», баргузор карда шуд.
Чун анъана ҳамоиш бо садо додани суруди миллӣ ифтитоҳ гардида, бо суханони муовини директор оид ба тарбия Сангинов Ҳ.Ҳ., оғоз гардид. Сангинов Ҳ.Ҳ., ҳузури меҳмононро ба муассиса хайрамақдам гуфта, суханро ба намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавлонназар Кишвар доданд.

  • Имрӯзҳо мушкилоти коррупсионӣ дар соҳаҳои гуногуни фаъолияти ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ хусусияти умумиҷаҳонӣ пайдо кардааст. Омилҳои коррупсионӣ таҳдиди мустақим ба амнияти миллӣ буда, ба рушди институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, амалӣ намудани ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон дар соҳаи тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, муносибатҳои моликият, илму маориф халал мерасонад. Илова бар ин, фасод аз ҳама бештар ба рушди иқтисод, низоми молӣ ва дар маҷмуъ, ба тамоми зерсохторҳои давлати азизамон, Тоҷикистон, таъсири манфӣ мерасонад. 
Дар идома Абдуллозода Одил Толиб бо маърузаи хеш дар мавзуи «Таърихи пайдоиши коррупсия» баромад намуда, қайд карданд, ки коррупсия таърихи қадима дошта, яке аз муҳимтарин масъалаҳо ва мушкилоти иҷтимоӣ маҳсуб меёбад. Таърихи башар cap то ба по пур аз мисолҳои порахӯрӣ ва ришваситонӣ мебошад, вале таҳқиқи илмии ин зуҳури номатлуби иҷтимоӣ асосан дар охири садаи бистум оѓоз гардид. Замоне, ки муаррихон ҷузъиёти ин ё он зуҳур ва падидаи ришвахӯриро ба қайд мегирифтанд, андешаи ҷомеа дар атрофи он ҳамчун як амали дур аз ахлоқ, ки тобиши ҷиноятомез дорад, ташаккул меёфт.
Дар даҳсолаҳои охир ҷомеаи башарӣ ба як қатор мушкилиҳои зиёд рӯ ба рӯ шудааст, ки ҳалли худро тақозо мекунанд. Аз ҷумлаи ин мушкилиҳо боло рафтани сатҳи зуҳуроти коррупсионӣ мебошад, ки ба амнияти давлату миллатҳо, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва дар умум ҳаёти инсоният таҳдид менамояд.
  • Маънои коррупсия “фасод” буда, ҳанӯз дар давраи ҳукмронии Ҳахоманишиён ба вуҷуд омада буд. Куруши Кабир ба муқобили фасод ва порахӯрӣ хеле мубориза бурда буд. Пора истилоҳи форсӣ - тоҷикӣ буда, аз замонҳои қадимтарин дар истифода вуҷуд дошт.
Илова бар ин, ҳуқуқшиноси муассиса Қосимова Ҳ.Ҳ., дар мавзуи “Коррупсия – падидаи зишту нангибор” ва Носиров А.С., дар мавзуи “Омилҳои иҷтимоӣ-иқтисодии густариши коррупсия ва роҳҳои муқовимат ба он дар Тоҷикистон” фикру мулоҳизаҳои хешро баён намуданд.