ЧОРАБИНИИ СИЁСИЮ ФАРҲАНГӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ҲХДТ

Дар Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор” бо ташаббуси кафедраи фанҳои гуманитарӣ таҳти роҳбарии мудири кафедра Қаландаров З.Қ. ва раиси Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони муассиса Ҳамроев Ф.Р., бахшида ба 29-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон чорабинии сиёсӣ-фарҳангӣ таҳти унвони «Мактаби сиёсии Пешвои миллат – Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон» баргузор гардид. Ташкил ва баргузории чунин чорабинӣ дар таърихи МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор” иқдоми нахустин буда, падидаи басо фараҳбахшу саривақтӣ ба ҳисоб меравад.
Дар кори чорабинӣ таҳти унвони «Мактаби сиёсии Пешвои миллат – Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон» мудири шуъбаи умумии ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор Қурбонова Латофат, мудири бахши омор ва махзани ягонаи электронӣ дар шаҳри Ҳисор Наргиса Юнусова, инчунин, кормандон, омӯзгорон ва донишҷӯён иштирок доштанд.
Чорабиниро бо сухани ифтитоҳӣ муовини директор оид ба тарбия Сангинов Ҳусниддин ҳусни оғоз бахшида, дар аввал меҳмононро ба муносибати ба чорабинии мазкур ташриф оварданашон хайрамақдам гуфта, баъдан меҳмонони расмиро ба аҳли толор муаррифӣ намуд.
Дар қисмати расмии чорабинӣ мудири шуъбаи умумии ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор Қурбонова Латофат аҳли толорро ба муносибати 29-солагии таъсисёбии ҲХДТ табрик намуданд.

  • Тоҷикистон баъди ба даст овардани истиқлолият роҳи бунёди давлати демократию ҳуқуқбунёдро интихоб намуд, ки яке аз принсипҳои меҳварии бунёди чунин ҷомеа гуногунандешии сиёсӣ аст. Дар асоси талаботҳои ҷомеаи демократӣ ташкилоту ҳаракатҳои сиёсӣ одамони ҳамфикру ҳамақидаро бо ҳам муттаҳид менамояд ва онҳо дар чаҳочўбаи қонунгузории кишвар ҳуқуқ доранд ҳизби сиёсӣ таъсис диҳанд. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон маҳсули андешаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Идеяи таъсиси ҳизби нави сиёсиро, ки фарогири ҳарчи бештари манфиатҳои давлат ва миллат бошад маҳз дар ибтидои соли 1993 сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуда буд…… – иброз доштанд, мудири шуъбаи умумии ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор Қурбонова Латофат.
Ҳамчунин қайд гардид, ки чорабинии мазкур чунин ҳадафҳоро дар бар мегирад: бахшида ба 29-солагии таъсисёбии ҲХДТ, арҷгузорӣ ба заҳматҳои Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри ташаккул додани чунин мактаби сиёсӣ; ташаккули заминаҳои илмии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар татбиқи ҳадафҳои барномавӣ тариқи асоснокии илмӣ ва маҳсулнокии онҳо.
Дар анҷоми қисмати расмии конференсия як қатор фаъолони ҳизб аз ҷониби Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор бо Ифтихорномаю Сипосномаҳо қадрдонӣ карда шуданд.
Дар қисми фарҳангии чорабинӣ донишҷӯёни фаъол бо саҳначаи омоданамудаашон табъи аҳли нишастро болида гардониданд.