22.01.2020 14:01:00

Илм - фурӯғи маърифат.

Илм бузургтарин маъво, асоситарин мафҳум ва маҳзанест, ки ҳаёт бо он пайваста мебошад. Шахсе, ки илму маърифат надорад, аз роҳи омӯзишу ақлу идрок бехабар аст, дарахти бесамареро мемонад. Маҳз, тавассути илму дониш инсоният рӯз то рӯз кашфиётҳои наву дастовардҳои зиёд ба даст оварда, мушкилоти ҳаётии худро бартараф месозад. Имрӯз бо мақсади таъмини иҷрои амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23.02.2022, № АП-155 ва амалисозии "Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф", рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо кардан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён, ҳамзамон дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав дар ин самт дар Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор" даври дуюми озмуни ҷумҳуриявии "Илм - фурӯғи маърифат" аз рӯи номинатсияи химия бо зиёда аз 120 нафар муҳассилини фаъоли муассисаҳои таълимии шаҳри Ҳисор баргузор гардид. Суратгузориш аз ҷараёни озмун.