ТАҶЛИЛИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР МДТ «КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ШАҲРИ ҲИСОР» Санаи 19 марти соли 2025 дар МДТ «Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор» чорабинии бошукӯҳи Наврӯзӣ таҳти унвони «Наврӯз – омили таҳкими анъанаҳои миллӣ ва маърифатӣ» баргузор гардид. Чорабинии мазкур бо мақсади арҷгузорӣ ба мероси фарҳангии ниёгон ва таҳкими суннатҳои миллӣ, дар асоси дастури раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 07.03.2025, №1/05-440 бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил шуд. Дар чорабинӣ намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр Шарипов Сайёд, директори Пажуҳишгоҳи илмию клиникии стоматология ва ҷарроҳии ҷоғу рӯй Раҷабзода Баҳодур Баҳром, директори МДТ «Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор» Давлатзода Ҷамила, раиси ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор Изатуллои Ҳабибзод, мудири шуъбаи маорифи шаҳри Ҳисор Сангинзода Ҳусниддин, сардори раёсати Вазорати молия дар шаҳри Ҳисор Арабов Миралӣ ва намояндагони беморхонаи марказӣ ва кумаки аввалияи тиббию санитарии шаҳри Ҳисор иштирок намуданд. Донишҷӯён барои меҳмонон хону анъанаҳои наврӯзиро муаррифӣ намуда, ҳунарҳои мардумӣ, либосҳои миллӣ ва рамзҳои баҳории ҳафтсин ва ҳафтшинро ба намоиш гузоштанд. Меҳмонон аз ин ҳама самимона истиқбол намуда, ба ҳунари донишҷӯён баҳои баланд доданд. Қисми расмии чорабиниро директори муассиса Дустмуродзода Комилҷон Одил ифтитоҳ намуда, ҳозиринро бо ҷашни Наврӯзи ҷаҳонӣ табрик кард. Ӯ аз иқдомҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи эҳё ва ҷаҳонишавии Наврӯз ёдовар шуда, аҳамияти таърихию фарҳангии онро барои халқи тоҷик ва тамоми ҷаҳон таъкид намуд. Сипас, раиси ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор Изатуллои Ҳабибзод, сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Ҳисор Шарипов Сайёд, директори МДТ “Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор” Давлатзода Ҷамила ва мудири шуъбаи маорифи шаҳри Ҳисор Сангинзода Ҳусниддин оид ба унсурҳои фарҳангӣ, арзишҳои маънавию инсондӯстона ва табиатдӯстонаи халқи тоҷик, асолати таърихию аҳамияти имрӯзаи Наврӯзи оламафрӯз, талошу кӯшишҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои мақоми байналмилалӣ гирифтани ҷашни Наврӯз ишораҳо карданд. Дар фарҷоми қисмати расмӣ меҳмонон, омӯзгорони собиқадор ва донишҷӯёни фаъол бо Сипосномаи директори муассиса қадрдонӣ карда шуданд. Шуъбаи тарбия барои иштирокчиён намоиши расму оинҳои аҷдодӣ ва барномаи фарҳангии хотирмони фароғатӣ омода намуд. Барномаи идона бо омадани Маликаи Наврӯз ва суруду мусиқии тоҷикона шукӯҳи хосса гирифт. Директор ва меҳмонон аз баргузории чорабинӣ изҳори хушнудӣ намуда, миннатдории самимии худро ба ташкилкунандагон баён доштанд.

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» 21.12.2021

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» 23.12.2022

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» 28.12.2023
