02.12.2022

ДИҚҚАТ!!! ДИҚҚАТ!!! ДИҚҚАТ!!! ҚАДРДОНӢ БА ХОТИРИ РУШДИ ЗАБОНДОНӢ

ҚАДРДОНӢ БА ХОТИРИ РУШДИ ЗАБОНДОНӢ

            Дар асоси фармоиши вазири маориф ва илм аз 13.09.2022, №1337 омӯзиш ва азёд кардани 400 вожаи серистеъмоли забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ барои омӯзгорону хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 5-11), устодону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна, олии касбӣ ва кормандони соҳаи маориф ва илм ҳатмӣ эълон гардида, муҳлати ниҳоӣ барои азёд кардани луғати иборат аз 400 калимаи аз ҳама серистифодаи ин забонҳо то 31 декабри соли 2022 муқаррар карда шудааст.

            Бинобар ин ба диққати кормандон, омӯзгорон ва донишҷӯёни Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор” (ба истиснои омӯзгорони фанни забони англисӣ) расонида мешавад, ки то санаи 31 декабри соли 2022 онҳое, ки 400 вожаи пешниҳодшудаи русӣ ва англисиро аз худ менамоянд, моддиву маънавӣ, бо туҳфаҳои хотиравӣ ва сипосномаи Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор” ҳавасманд гардонида мешаванд.

             Ин иқдом боз ҳам барои дастгирӣ ва рушди Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳо русӣ ва англисӣ таҳти роҳбарии директори муассиса Раҷабов Баҳодур Баҳромович ба бор оварда шудааст.