ҶАМЪОМАДИ ТАНТАНАВӢ БА ИФТИХОРИ "РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН"

             Имрӯз дар Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор" ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори “Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор карда шуд. 
            Ҷамъомадро мудири кафедраи забонҳо ифтитоҳ намуда, нақши таърихии бисёрасраи забони тоҷикӣ чун забони расмии давлатӣ ва муоширати миёни қавмҳои гуногун ёдовар шуда, таъкид карданд, ки “Забони модарии мо - забони ширину шево ва шоиронаи тоҷикӣ, ки донишу маърифати дар тӯли ҳазорсолаҳо андӯхтаи мардумро дар худ нигоҳ доштааст, гӯётарин далели ҳастӣ ва мақоми ҳаётбахши он дар сарнавишти таърихии миллати мо ба ҳисоб меравад. Яъне миллати шарафманди тоҷик таъриху фарҳанги камназири худро бо ҳамин забон иншо ва ба ҷаҳониён муаррифӣ кардааст.
            Таъкид гардид, ки забони тоҷикӣ то ба имрӯз ба шарофати хизматҳои бузург, заҳматҳои бедареғ ва корнамоиҳои беназири фарзандони фарзонаи халқи тоҷик аз Исмоили Сомониву устод Рӯдакӣ то устод Айниву Бобоҷон Ғафуров ба ҳамон гунаи асилу ноб, бо ганҷинаи ғаниву рангини калимаву истилоҳот ва таъбиру таркиботи зебову дилчасп то ба рӯзгори мо расидааст. Бо ифтихори тамом метавон гуфт, ки дар амри бақову ҳастии миллат ва забони мо сулолаи некноми Сомониён нақши калидӣ дорад.
            Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ворисони имрӯзу ояндаи ин забони нобу тавоноро ба ҳифзи покизагӣ ва рушду такомули ҳамаҷонибаи он чун забони коргузории давлатӣ, фарҳанг ва илму техникаи муосир ҳидоят намуданд.
            Дар фароварди суханронӣ қайд гардид, ки қарзи фарзандӣ ва рисолати инсонии мост, ки забони модариамон, яъне ин забони ширину шоиронаро баробари модари худ азиз шуморем, дӯст дорем, онро мисли модар, ки моро ба дунё оварда, меҳри забонро бо шири поку ҷонбахш ва муҳаббати онро бо аллаи гӯшнавозаш дар ҷисму ҷони мо ҷой кардааст, эҳтирому эҳтиёт кунем ва мисли гаронбаҳотарин сарвати умрамон ҳамеша гиромӣ дорем.