ТАҶЛИЛИ РӮЗИ МАВЛОНО ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ

           Имрӯз дар Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор" бо эҳтироми адибу орифи бузург Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ таҳтии роҳбарии кафедраи забонҳо аз ҷониби омӯзгорон ва донишҷӯён бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил гардид.
           Мудири кафедраи забонҳо ва омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик инчунин донишҷӯён бо маърузаҳои хеш баромад намуда рафти конференсияро ҷолиб намуданд.
           Таъкид гардид, ки Ҷалолиддин Муҳаммади Балхии Румӣ аз зумраи адибону орифони бузургест, ки на танҳо дар адабиёту фарҳанги форсизабонони Шарқ, балки дар кулли ҷаҳон мақому ҷойгоҳи баланд дорад. Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ҳамчун як фарди озодандеш ва инсонпарвар Ғояҳои абадзиндаи ваҳдату дўстӣ ва ҳамдиливу ҳамгироии инсонҳоро шиори зиндагӣ ва маънии ҳаёт дониста, ба инсони огоҳу бедордил, худшиносу худогоҳ ва бофарҳангу некхоҳ арҷи бузург гузоштааст. Асарҳои мондагору гаронарзиши Мавлоно - «Маснавии маънавӣ», «Девони Кабир», «Фиҳӣ мо фиҳӣ», «Мавоизи маҷолиси саьба» ва «Мактубот» падидаҳои нотакрор ва саршор аз арзишҳои тоҷиконаи мардумии Хуросони бузург мебошанд.