БАРГУЗОРИИ ДАРСИ НАМУНАВӢ ОИД БА МУАЙЯНСОЗИИ ГУРӮҲИ ХУН ВА ИСТИФОДАИ АСБОБҲОИ ҶАРРОҲӢ Дар кафедраи кори ҳамширагӣ ва фанҳои клиникӣ таҳти роҳбарии мудири кафедра Муминов Сино Султонмуродович дарси намунавии амалӣ баргузор гардид. Дарсро Ҳомидҷон Овчибоев, омӯзгори фанни ҷарроҳия, роҳбарӣ намуда, ба донишҷӯён малакаҳои муҳими тиббӣ омӯзонид. Мавзӯи асосии дарс муайян кардани гурӯҳи хун ва гузаронидани хун бо роҳи инфузионӣ (дохиливаридӣ), инчунин, шиносоӣ бо асбобҳои ҷарроҳии беуфуникардашуда буд. Донишҷӯён бо принсипҳои муайянкунии гурӯҳҳои хун, инчунин, усулҳои таҳлили мутобиқати хун ва протоколҳои стандартии хунгузаронӣ шинос шуданд. Таҷҳизот ва техникаи гузаронидани хун дар шароити клиникӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, қоидаҳои пешгирии оқибатҳои номатлуб ва таъмини бехатарии бемор муҳокима гардиданд. Қисми дигари дарс ба омӯзиши асбобҳои ҷарроҳии беуфуникардашуда бахшида шуда, донишҷӯён бо таснифи онҳо, тартиби истифодабарӣ ва усулҳои стерилизатсия ва безараргардонӣ ошно гардиданд. Ҳамзамон, стандартҳои асептика ва роҳҳои пешгирии сироятҳои беморхонавӣ мавриди таҳлил қарор гирифтанд. Дарс бо истифода аз методологияи интерактивӣ, симулятсияҳои клиникӣ ва таҷҳизоти муосири тиббӣ баргузор гардида, донишҷӯён имкони амалӣ намудани донишҳои назариявии худро дар шароити воқеӣ пайдо карданд. Маврид ба зикр аст, ки татбиқи чунин усулҳои таълимӣ имкон медиҳад, ки донишҷӯён малакаҳои кор бо таҷҳизоти тиббӣ, муносибат бо беморон ва риояи протоколҳои стандартии табобатиро дар сатҳи баланд аз худ намоянд. Инноватсия дар таълим ва мутобиқсозии донишҳои назариявӣ бо таҷрибаи амалӣ қадами муҳим дар рушди малакаҳои касбии мутахассисони соҳаи тандурустӣ мебошад.

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» 21.12.2021

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» 23.12.2022

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» 28.12.2023
