18.08.2022

ҶАЛАСАИ НАЗОРАТИИ ИЛМӢ-ТАШКИЛИИ НАЗДИ МУОВИНИ ДИРЕКТОР ОИД БА ТАЪЛИМ

ҶАЛАСАИ НАЗОРАТИИ ИЛМӢ-ТАШКИЛИИ НАЗДИ МУОВИНИ ДИРЕКТОР ОИД БА ТАЪЛИМ 

Дар китобхонаи Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор” таҳти роҳбарии муовини директор оид ба таълим, номзади илмҳои тиб Ҷураев М.Ф. ҷаласаи назоратии илмӣ-ташкилии муҳим доир гардид. Ҳадафи баргузории ҷаласа баррасии ҷанбаҳои муҳими фармоиши вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Абдуллозода Ҷ.А., аз 27.03.2025, №177 буда, мавзуи асосии ҷаласа — масъалаи омодагии ҷиддӣ ба даври ниҳоии Олимпиадаи фаннӣ миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии тиббӣ аз рӯи фанҳои тахассусии тиббӣ буд. 
Дар кори ҷаласа намояндагони масъули муассиса, аз ҷумла сардори шуъбаи таълим Азизӣ Н.Н., декани факултети кори ҳамширагӣ дар заминаи таҳсилоти миёнаи умумӣ Саидов М., мудири кафедраи акушерӣ ва гинекологӣ Хоҷаева С.Р., омӯзгорони варзида ва донишҷӯёни фаъол иштирок намуданд. 
Муовини директор Ҷураев М.Ф. зимни сухани ифтитоҳӣ аҳамияти баланди баргузории Олимпиадаи мазкурро барои таҳкими донишҳои тахассусии донишҷӯён таъкид намуда, онро як фурсати созгор барои муайянсозии сатҳи тайёрии мутахассисони оянда арзёбӣ кард. Вай зикр намуд, ки баргузории чунин чорабиниҳои илмӣ-назариявӣ на танҳо сифати таълимро боло мебарад, балки заминаи мусоиде барои рушди малакаҳои касбии донишҷӯён фароҳам меорад. 
Ҳамзамон, дар ҷаласа мавзуҳои марбут ба раванди ташкил ва баргузории Олимпиада, саволнома, амалия ва дастурамалҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. 
Дар интиҳои ҷаласа миёни иштирокчиён мубодилаи афкор сурат гирифта, пешниҳодҳои арзишманд ҷиҳати беҳтар омода намудани донишҷӯён ба Олимпиада манзур гардиданд. Қарор шуд, ки корҳои омодагӣ тибқи нақшаи мушаххас ва бо риояи ҳамаи талаботи методиву ташкилӣ амалӣ карда шаванд.