ОЛИМПИАДАИ ҶУМҲУРИЯВӢ: ҶАШНИ ДОНИШ ВА ФАРҲАНГ ДАР ОСТОНАИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

ОЛИМПИАДАИ ҶУМҲУРИЯВӢ: ҶАШНИ ДОНИШ ВА ФАРҲАНГ ДАР ОСТОНАИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Дар асоси дастури раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 07.03.2025, №1/05-440 бо мақсади дар сатҳи баланд баргузор намудани таҷлили ҷашни “Наврӯзи байналмилалӣ” дар МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор” озмуни ҷумҳуриявӣ аз фанҳои забон ва адабиёти тоҷик, забони русӣ, забони англисӣ ва таърихи халқи тоҷик таҳти роҳбарии мудири кафедраи забонҳо Васихов Д.С. ва мудири кафедраи фанҳои гуманитарӣ Қаландаров З.Қ. бо иштироки донишҷӯёни фаъоли коллеҷ баргузор гардид.

Озмун дар фазои илмӣ ва рақобати солим ҷараён гирифта, донишҷӯён малака ва дониши худро дар бахшҳои гуногун нишон доданд.

Дар рафти озмун ҳар як иштирокчӣ кӯшиш намуд, ки беҳтарин дониши худро нишон диҳад. Боиси қайд аст, ки озмун на танҳо барои муайян кардани сатҳи дониш, балки барои бедор намудани ҳавас ба илм ва баланд бардоштани малакаи забондонии донишҷӯён мусоидат менамояд.
Чорабинӣ дар фазои гарму самимӣ ва руҳияи идона баргузор шуда, донишҷӯён бо рӯҳбаландӣ ва омодагии ҷиддӣ иштирок намуданд. Ҷамъбасти озмун нишон дод, ки донишҷӯёни МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор” дорои дониши баланд буда, метавонанд дар озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ низ ҳунарнамоӣ кунанд.
Ғолибони даври якум муайян гардида, онҳо барои иштирок дар даври навбатии озмун, ки дар сатҳи ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад, омода хоҳанд шуд.

Дар фарҷом аз ҷониби масъулин зикр гардид, ки чунин чорабиниҳо барои баланд бардоштани сатҳи таълим ва таҳкими дониш дар байни ҷавонон мусоидат хоҳанд кард.