ПАЁМ-ҲУҶҶАТИ МИЛЛӢ

Чи тавре, ки ба ҳамаи мо маълум аст, санаи 28-уми декабри соли 2023 Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид. Бояд тазаккур дод, ки дар паёми навбатӣ низ оид ба ҳамаи пешравию камбудиҳои дар фаъолияти сохторҳои гуногун ҷойдоштаи ҷумҳурӣ маълумот ва дастуру супоришҳо дода шуд. Хушбахтона, ин амал ҳамасола дар охири сол ба ҳукми анъана даромадааст ва мардуми шарафманди ҷумҳурӣ бесаброна ин рузро интизорӣ мекашиданд. Дар паёми имсола ба андозаи аз 30 то 40 дарсад боло бурдани музди маоши омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи буҷетӣ , диққати зиёд дода шудан ба касби омӯзгорӣ ва худи омӯзгорон, бо нишондодҳои назаррас боло рафтани сатҳи зиндагии мардум ва амсоли инҳо ба назар расид. Аз ҷумла, яке аз масъалаҳое, ки дар Паёми навбатӣ Пешвои муаззами миллат қайд намуданд, ин “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ “ буд. Вобаста ба масъалаҳои мазкур Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайдҳои хеле аниқу дақиқ ва бамаврид намуданд. Аз ҷумла зикр гардид, ки соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он- хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид... Тайи солҳои охир таваҷҷуҳи аввалиндараҷаи Ҳукумати мамлакат ба масъалаҳои пешгирӣ кардани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ, истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда, саноатикунонии кишвар ва таъсиси ҷойҳои корӣ равона шуд. Мо ҳамчунин, ташаккули “иқтисоди сабз”, суръат бахшидани раванди рақамикунонии иқтисодиёт, инкишофи нерӯи инсонӣ, баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти ватанӣ, беҳтар гардонидани сифати хизматрасониҳои иҷтимоиро аз ҷумлаи масъалаҳои афзалиятнок эълон намудем...
Воқеан ҳам ин гуфтаҳо ягон нуқтаи баҳсталаб дар худ касб накардааст ва ҳар нафаре, ки ба ҳамаи ин бо дидаи дил менигарад, аёнаш мегардад, ки Тоҷикистони азизи мо чӣ гуна дар як муддати на он қадар тӯлонии таърих ба ин гуна дастовардҳо ноил гардид. Дар самтҳои гуногуни рушди давлатдории муосири тоҷикон беҳтарин сарчашмаҳои давлатҳои пешрафта ба ҳайси таҷриба истифода мешаванд ва дар баробари ин қабул, таҳия ва ба тасвиб расонидани як қатор қонунҳои зарурии саривақтии миллӣ аз ҷониби хурду бузурги кишварамон аз манфиат холӣ нест.
Бо сари баланд ҳамчун як шахсияти ватандор гуфта метавонам, ки аз чанд ҷиҳати таҷрибаҳои давлатдории имрӯзаи мо дигар кишварҳои ҷаҳон ба худ истифода бурдаанд. Ҳамаи он масъалаҳои афзалиятноке, ки дар боло аз Паёми навбатӣ иқтибос намудем, бо дастгирии мардуми баору номус ва ватандӯсту ватанхоҳи Тоҷикистони муосир ва кӯшишҳои бесобиқаи Пешвои муаззами миллат дар якчанд соли оянда меваҳои хеле пуршаҳде хоҳанд дод, ки Ватани моро дар арсаи ҷаҳонӣ боз ҳам шинохтатар ва сатҳи зиндагии мардуми моро хубтар хоҳад кард. Барои ҳамаи ин пеш аз ҳама мо бояд дар атрофи Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон сарҷамъ бошем. Ҳамаи дастуру супоришҳои он касро шиори кори ҳамарӯзаи худ намоем. Дар омӯзиши илму ҳунар барои фарзандони худ ягон чизро дареғ надорем. Дар тарбияи комили шогирдон ва фарзандон беҳтарин таҷрибаҳои ҳаётии худро равона намоем...
Ба иқтибоси навбатӣ аз Паём менигарем : “ Дар ҳафт соли охир суръати рушди иқтисоди миллӣ ба ҳисоби миёна 7.5 фоизро ташкил дода, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 1.5 баробар зиёд гардид. Ҳол он ки мо дар давраи пандемияи КОВИД-19 беш аз ду сол дар шароити маҳдудиятҳои иқтисодиву тиҷоратӣ қарор доштем. Дар ин давра даромади пулии аҳолӣ 3.3 баробар афзоиш ёфта, аз 37.2 миллиард сомониии соли 2017 ба 112.7 миллиард сомонӣ дар соли 2023 расид. Музди миёнаи меҳнат беш аз 2 баробар ва андозаи нафақаи ниҳоӣ 1.9 баробар зиёд гардид..”
Хулласи калом ҳамаи ин рақамҳо аз он далолат мекунанд, ки дар муддати камтар аз 10 соли охир дар рушди иқтисоди кишвар бо назардошти мушкиливу монеаҳои берунаву дигар сабабҳо хеле ҷаҳиши намоёне аз худ нишон додааст. Воқеан ҳам ҳар инсони некбин метавонад шоҳидӣ диҳад, ки аҳволи мардуми Тоҷикистони азизи мо нисбати 20 солу 10 соли гузашта хеле дар дараҷаи хуб қарор дорад. Мутаассифона баъзе нотавонбинон шаб то саҳар дар рушди давлатдории муосири мо камбудӣ меҷӯянд ва худро гӯё, ки мехоҳанд ба мардум ба истилоҳ ширин кунанд. Хушбахтона ҳар як қадам, ҳар як дастур ва ҳар як супоришу эродҳои Пешвои муаззами миллати мо Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушду такомули давлатдорӣ аз ҷониби мардуми баору номус ва равшанфикри тоҷик дастгирӣ шуданд, шудаистодаанд ва дар оянда низ хоҳад шуд. Чунки Паём ба ҳуҷҷати миллӣ табдил ёфтааст.


Сармутахассиси бахши идоракунии сифати таҳсилот – Абдуллоев Б.Б