РӮЗИ АРТИШИ МИЛЛӢ

             Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Фарҳод Раҳимӣ аз 14.02.2024, №01/36-1 ҷиҳати баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию худшиносӣ ва ифтихор аз арзишҳои миллии кишвар, такмили донишу ҷаҳонбинии донишҷӯён, инчунин, дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор” дар мавзуи “23 – феврал Рӯзи артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз ҷониби шуъбаи тарбия дар ҳамкорӣ бо кафедраи фанҳои гуманитарӣ бо иштироки директори муассиса, муовини директор оид ба тарбия, сардори шуъбаи таълим кормандон ва омӯзгорон чорабинии фарҳангию-сиёсӣ баргузор карда шуд.
Дар чорабинии мазкур директори муассиса баромад намуда, қайд карданд, ки боиси ифтихор аст, ки ҳанӯз солҳои аввали Истиқлоли давлатӣ самти ҳарбӣ яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлат ва ҳукумати кишвар қарор гирифт. Бешубҳа, таъсис ёфтани Қувваҳои Мусаллаҳ дар таърихи навини Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ мавқеи хоса дорад. Зеро Артиши миллӣ яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ, кафили соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ, нерӯи таъминкунандаи амнияту субот ва ҳифзи манфиатҳои миллию давлатӣ ба ҳисоб меравад. Ҳамин тавр, 23-уми феврали 1993 ба таъсиси Артиши миллӣ дар кишварамон асос гузошта шуд ва 31 сол инҷониб ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар рисолати муқаддаси худро барои ҳимояи амнияти давлати соҳибистиқлоламон ва зиндагии орому осоиштаи мардуми Тоҷикистон бо устувориву фидокорӣ иҷро карда истодааст.
Ҳамзамон, омӯзгори калони кафедраи фанҳои гуманитарӣ оид ба Рӯзи артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори андеша намуданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ донишҷӯёни муассиса бо барномаи фарҳангиву фароғатии худ табъи иштирокчиёнро болида гардониданд.