28 декабри соли 2023 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олӣ соли 2024-ро “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон намуданд. Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардидани соли 2024, ки ба 30-юмин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон рост меояд, аз он шаҳодат медиҳад, ки Тоҷикистон кишвари ҳуқуқбунёд буда, ҳадафи аслии давлат ва ҳукумати кишвар таъмини ҳаматарафаи ҳуқуқи шаҳрвандон ва бунёди ҷомеаи қонунсолор мебошад. Бояд қайд кард, ки эълони “Соли маърифати ҳуқуқӣ” ин давоми мантиқии сиёсати давлату Ҳукумат баҳри рушди давлати мустақили миллӣ, пешравии тамоми ҷанбаҳои ҳаёти мардуми ҷумҳурӣ ва устуворгардонии пояҳои устувори ҷомеа ва давлат ба ҳисоб меравад. Инро Ҷаноби Олӣ махсус қайд намуда, дар Паёми худ иброз доштанд: “Амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии кишварамонро таъмин намоем, барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро муҳайё созем.
Бинобар ин, пешниҳод менамоям, ки соли 2024 ба ифтихори ин санаи бисёр муҳими таърихӣ «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон карда шавад». Сарвари давлат тарбияи махсуси ҳуқуқии ҷавононро қайд карда, иброз доштанд, ки “мо бояд насли наврасро ба эҳтироми қонун, меъёрҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, ҳисси масъулияти иҷтимоӣ, ҳамчун муҳимтарин хислатҳои инсон, ки дар ғамхорӣ дар бораи ободии мамлакати худ, таҳкими он зоҳир мегардад, тарбия ва муҳофизат намоем».
Аз ин лиҳоз, 15 феврали соли равон дар МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор” бо ибтикори кафедраи фанҳои гуманитарӣ таҳти роҳбарии мудири кафедра Қаландаров З.Қ., бахшида ба соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” бо иштироки муовини директор оид ба тарбия, мудири шуъбаи умумӣ, омӯзгорони кафедраи фанҳои гуманитарӣ, аз ҷониби омӯзгорони кафедраи мазкур Ҳамроев Ф.Р., ва Раҳмонов М. дар мавзуи “Ҳуқуқ, озодиҳои инсон ва шаҳрванд” мизи мудаввар баргузор карда шуд.
Дар рафти баргузории мизи мудаввар аз ҷониби омӯзгорон Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардида, миёни маърузачиён ва донишҷӯён мубодилаи афкор сурат гирифта, аз чорабинии мазкур донишҷӯён таасуроти маънавӣ гирифтанд.