Дар асоси қарори раиси шаҳри Ҳисор, муҳтарам Қосим Роҳбар аз 08.06.2023, №100 «Дар бораи ба роҳ мондани корҳои ободонӣ дар шоҳроҳи Душанбе Турсунзода (қисмати шаҳри Ҳисор)» ва сазовор пешвоз гирифтани ҷашни «Соли нави мелодии – 2024» аз ҷониби кормандон, омӯзгорон ва донишҷӯёни Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор” дар гирду атрофи муассиса, бинои иловагӣ ва шоҳроҳи Душанбе Турсунзода (қисмати шаҳри Ҳисор) шанбегии дастаҷамъона гузаронида шуд.
Инчунин дар рафти шанбегӣ роҳравҳо ва ҷӯйборҳо рӯбу чин ва тозаву озода гардонида шуданд.