22.12.2022

ШӮРОИ ИЛМӢ-МЕТОДӢ

Фаъолияти Шӯрои илмию методӣ ба манзури татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба соҳаи таҳсилоти миёнаи касбӣ, Оинномаи коллеҷ, қарори Шӯрои омӯзгорон, фармоишу дастурҳои директори коллеҷ ва ҷиҳати тадриҷан беҳтар кардани сифати таълим, такмили маҳорати касбии омӯзгорон, ҷустуҷӯйи роҳҳо ва усулҳои пешқадами таълим, инчунин истифодаи технологияи инноватсионӣ дар ҷараёни таълим ба роҳ монда мешавад.
Вобаста ба ин имрӯз дар Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор” таҳти роҳбарии муовини директор оид ба таълим Ҷураев Муродалӣ Файзалиевич бо иштироки муовинон сардорон, деканон ва мудирони кафедраҳо Шӯрои илмӣ-методӣ баргузор гардид.
Ҷаласаро муовини директор оид ба таълим, раиси Шӯро Ҷураев Муродалӣ Файзалиевич ифтитоҳ намуда, иштирокчиёнро бо соли нави мелодӣ табрик гуфта, бо рӯзномаи ҷаласа шинос намуд.
Да ҷаласаи мазкур масъалаҳо оид ба муайян кардани дурнамо ва самтҳои фаъолияти ҷории таълимию методии коллеҷ, ҳамоҳангсозии фаъолияти таълимию методии омӯзгорону кормандони факултетҳо, кафедраҳо ва сохторҳои таркибии коллеҷ дар самти таҳияю такмили лоиҳаи нақшаҳои таълимӣ, барномаҳои таълимӣ, силлабусҳо, дастурҳои таълимӣ-методӣ, тавсияҳои методӣ, таълифи китобҳои дарсӣ, коркарди меъёри баҳодиҳӣ ба дониши донишҷуён, таҳияи тавсияҳои боэътимоди илмӣ доир ба масъалаҳои ташкил ва такмили корҳои таълимию методӣ аз рӯйи равияҳо, ихтисосҳо ва тахассусҳои роиҷи коллеҷӣ, таҳия ва таъмини тавсияҳои методӣ оид ба мураттаб сохтани ҳуҷҷатҳои меъёрии коллеҷ роҷеъ ба корҳои таълимию методӣ, таҳлили натиҷаи корҳои илмию методии омӯзгорону кормандони факултетҳо, кафедраҳо, сохторҳои таркибӣ, омӯзиши таҷрибаи пешқадами омӯзгорону кормандони факултетҳо ва кафедраҳо баррасӣ гардид.
Дар фарҷом вобаста ба масъалаҳои дар боло зикргардида аз ҷониби аъзоёни Шӯрои илмӣ-методӣ қарорҳои мушаххас қабул карда шуд.