АЗ ПАЁМ ТО ПАЁМ....

Паёми ҳарсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи рушди ҷомеа ва давлат маҳсуб буда, самтҳои асосии ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангии мамлакатро муайян менамояд. Воқеан, гарчанде, ки Паём барои таҳқиқи сиёсати давлатии Сарвари давлат дар давраи муайян ҳамчун барномаи асосӣ хизмат мекунад, аз ҷиҳати мазмун ва моҳияти худ ин ҳисоботи Сарвари давлат ва Ҳукумат дар назди тамоми сокинони мамлакат мебошад. Пеш аз ҳама ин таҳлили тамоми соҳаҳои ҳаёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар асоси он муайян намудани дурнамои он дар солҳои наздик мебошад.
Вобаста ба ин, имрӯз дар Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор” оид ба иҷрои Нақшаи чорабиниҳои Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор” вобаста ба вазифаҳое, ки дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 21 декабри соли 2021 ба Маҷлиси Олӣ ироа гардид, бо иштироки Муҳаммад Зокир – хабарнигори махсуси Рӯзномаи “Садои мардум” ва Субҳониддин Маҳмудов – хабарнигори Агентии миллӣ-иттилоотии Тоҷикистон “Ховар” ҷаласаи ҳисоботӣ таҳти мавзӯи “Аз паём то паём” баргузор гардид.
Нахуст ҷаласаро муовини директор оид ба тарбия Сангинов Ҳ.Ҳ. ифтитоҳ намуда, ҳузури меҳмононро ба Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор” хайрамақдам гуфта, суханро ба муовини директор оид ба таълим Ҷураев М.Ф. дод.
Ҷураев Муродалӣ Файзалиевич дар баромади хеш оид ба иҷрои Нақшаи чорабиниҳои Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор” вобаста ба вазифаҳое, ки дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 21 декабри соли 2021 ба Маҷлиси Олӣ ироа гардид, қайд намуданд, ки дар Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор” дар асоси фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 феврали соли 2022, №130 “Дар бораи Нақшаи чорабиниҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 21 декабри соли 2021 “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” фармоиш ва Нақшаи чорабиниҳои Муасиссаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор” оид ба иҷрои Нақшаи чорабиниҳои Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор” вобаста ба вазифаҳое, ки дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 21 декабри соли 2021 ба Маҷлиси Олӣ ироа гардид, таҳия ва тасдиқ карда шуда, фаъолият дар самти амалигардонии бандҳои Нақшаи чорабиниҳои мазкур дуруст ба роҳ монда шудааст.
Ҳамзамон таъкид гардид, ки баҳри бедор намудани ҳисси миллии ҷавонон барои эҳтиром гузоштан ба арзишҳои миллӣ, посдоштани сулҳу субот, Истиқлолияти давлатӣ 17 хонишҳои сиёсӣ ва чорабиниҳои фарҳангиву фароғатӣ дар мавзӯҳои “Ҳуқуқи ҷомеъа асоси пешрафти давлати ҳуқуқбунёд”, “Волидайн ва мактаб”, “Таъсири фарҳангӣ бегона дар давлати ҳуқуқбунёд”, “Одоби муошират ва фарҳангӣ суханварӣ рукни асосии кормандони соҳаи тиб”, “Волидайн омӯзгорони аввалини фарзанд”, “Хушунат ва зӯроварӣ дар оила аз нигоҳи ҷавонон”, “Рӯ наовардан ба фарҳангӣ бегона”, “Хатари терроризм ва экстремизм дар ҷомеъаи имрӯза”, “Сулҳу ваҳдат ҳамбастагии тоҷикон”, “Вазъи сиёсии Афғонистони имрӯза”, “Ҳуқуқ ва озодиҳои занони Афғонистон”, “Ҷавонон пайрави пешвои миллат”, “Сарбози Ватан будан бароям шараф аст”, “Мо ҷавонон терроризмро маҳкум менамоем” ва ғайраҳо баргузор карда шудааст.