01.12.2023

1 - уми ДЕКАБР РӮЗИ

           Пешгирӣ намудани ВНМО вазифаи аввалиндараҷаи аҳли башар мебошад. Бо ин мақсад имрӯз дар Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор” бахшида ба Рӯзи байналмилалии ВНМО ҳамоишӣ илмӣ-фарҳангӣ баргузор гардид. 
           Дар чорабинии мазкур муовини раиси шаҳри Ҳисор, директори Маркази ВНМО дар шаҳри Ҳисор ва дигар шахсони фаъоли соҳа иштирок ва суханронӣ намуданд. Қайд гардид, ки ВНМО ба системаи масуният осеб расонида, ҳуҷайраҳои масуниятро (CD4+, лимфоситҳо, макрофагҳо ва ғайра) хароб мекунад ва боиси сустшавии системаи назорату ҳифзи организм аз сироятҳо ва баъзе намудҳои бемории саратон мегардад. Вирус ба организм роҳ ёфта, вирус ба афзоиши фаъол шурӯъ мекунад, ҳуҷайраҳо ба фоидаи вирус «кор» мекунанд, бинобар ин дар шахсони сироятшуда тадриҷан (оҳиста-оҳиста) норасоии масуният инкишоф меёбад. Ин ҳолат ба ҳассосияти барзиёда нисбати як силсилаи васеи сироятҳо ва бемориҳо оварда мерасонад, ки ба онҳо танҳо шахсони дорои масунияти солим муқовиматпазиранд.
             Марҳилаи охирини сирояти ВНМО ин Бемории Пайдошудаи норасоии масуният (БПНМ) мебошад, ки метавонад бо гузашти 2-15 сол вобаста ба ҳолати масунияти инсон инкишоф ёбад. Барои БПНМ инкишофи баъзе намудҳои бемории саратон, сироятҳо ва ё дигар аломатҳои вазнини клиникӣ хос аст. 
ВНМО соли 1983 дар ду лабораторияи аз ҳамдигар новобаста кашф гардида шудааст:
- дар Институти Пастер дар  Фаронса таҳти роҳбарии Люк Монтанье.
- дар Институти миллии бемории саратон дар ИМА таҳти роҳбарии Роберт Галло.
             Боиси қайд аст, ки дар асоси Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор дар байни донишҷӯён озмуни Иншои беҳтарин ва Расми беҳтарин гузаронида шуд, ки ғолибон аз ҷониби меҳмонон бо тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд. 
             Инчунин бо мақсади дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани 35 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор” бо дастгирии бевоситаи директори муассиса Раҷабов Баҳодур Баҳромович як адад утоқи кории стоматологии замонавӣ, барои таълимӣ-амалӣ ва табобатӣ бо талаботҳои санитарию эпидемиологӣ ҷавобгӯ таъсис ва ба истифода дода шуд.

Аксҳо аз ҷараёни чорабинӣ.