01.12.2023

ҲАМОИШИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ

      Дар Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор” ҷиҳати пешгирии ҳодисаҳои номатлуб, ришваситонӣ ва амалҳои коррупсионӣ аз ҷониби кафедраи фанҳои гуманитарӣ, таҳти роҳбарии Қаландаров Зулфиқор Қосимҷонович ҳамоиши илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи “Коррупсия ҳамчун зуҳуроти номатлуб” бо иштироки кормандон, омӯзгорон ва донишҷӯён баргузор гардид. 
      Ҷаласаро омӯзгори кафедраи фанҳои гуманитарӣ Ҳамроев Ф.Р. ифтитоҳ намуда суханро ба ҳуқуқшиноси муассиса дод. 
       Қосимова Ҳурматой ҳуқуқшиноси муассиса баромад намуда қайд карданд, ки коррупсия яке аз зуҳуроти мураккаби ҷамъиятӣ буда, дар замонҳои қадим пайдо шуда, то имрӯз қариб дар ҳамаи давлатҳои ҷаҳон вуҷуд дорад. Ба андешаи олимон нишонаҳои аввалин дар бораи коррупсияи амалдорон дар бойгониҳои Бобулистони қадим (нимаи дуюми асри XXIV то давраи мо), дертар дар қонунҳои машҳури Хаммурапи дучор омадан мумкин аст. Дар замонҳои қадим «коррупсия» ба истилоҳи фасод, вайронкунанда, зараррасонанда ва фурӯхтани мансаб маънидод шуда, ҳамчун рафтори истифода намудани имкониятҳои мансаб ба манфиатҳои шахсӣ фаҳмида мешуд ва афроди ба чунин амал дастзада дар ҳамаи давру замонҳо аз ҷониби аҳли ҷомеа маҳкум мегардиданд.
            Имрӯзҳо яке аз проблемаҳои замони муосир ин мубориза бо коррупсия мебошад. Оид ба ин масъала солҳои охир дар матбуоти даврии Ҷумҳурии Точикистон ва берун аз он бисёр фикру ақидаҳо пешкаш шудаанд. Аз нигоҳи луғавӣ истилоҳи «коррупсия» аз калимаи лотинӣ «corruptio», ки бо маъноҳои «харидан, вайронкунӣ ва ришвадиҳӣ» фаҳмида мешавад.     
            Дар Кодекси рафтори шахсони мансабдори мақомотҳои тартиботи ҷамъиятиро таъминкунанда (соли 1978) қайд шудааст, ки мафҳуми коррупсияро қонунгузории ҳар як давлат алоҳида муқаррар мекунад. Инчунин дар яке аз ҳуҷҷатҳои Созмони Миллали Муттаҳид (минбаъд СММ) оид ба мубориза бо коррупсияи байналхалқӣ қайд шудааст, ки коррупсия ин сўйистеъмол аз ҳокимияти давлатӣ бо мақсади ғаразнок ба манфиати шахсӣ аз тарафи шахси мансабдор аст. Мафҳуми коррупсия дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин оварда шудааст: “Коррупсия — кирдоре (ҳаракат ё беҳаракатие), ки шахсони ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё шахсони ба онҳо баробаркардашуда бо истифода аз мақоми худ ва имкониятҳои он барои ба манфиати худ ё шахсони дигар ғайриқонунӣ ба даст овардани неъматҳои моддию ғайримоддӣ, бартарият ва имтиёзҳои дигар содир менамоянд, инчунин ба ин шахсон ваъда додан, таклиф ё пешкаш намудани ин гуна неъмату бартарият ва имтиёзҳои дигар бо мақсади моилкунӣ ё қадр кардани онҳо барои содир намудани чунин кирдорҳо (ҳаракат ё беҳаракатӣ) ба манфиати шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ”……
           Дар фарҷом оид ба мавзуҳои дар боло зикргардида бо иштирокчиён саволу ҷавоб ва муҳокимаронӣ карда шуд