01.12.2023

1 - ДЕКАБР. РӮЗИ

          Имрӯз дар асоси нақшаи кории кафедраи акушерӣ ва гинекологӣ таҳти роҳбарии Ахмедова Т.Н. бо иштироки намояндагони Маркази ВНМО дар шаҳри Ҳисор ҳамоиши илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «ВНМО ва роҳҳои гузариши он» баргузор гардид. 
          Дар ҳамоиши мазкур мудири кафедраи акушерӣ ва гинекологӣ, омӯзгори фанни момоӣ ва бемориҳои занона, инчунин меҳмонон дар мавзӯи “ВНМО ва роҳҳои гузариш он” баромад намуданд. 
           Таъкид гардид, ки инсоният соле як рӯз – аввали моҳи декабрро чун Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо ин фалокати қарн таъин кардааст, то ҳамагон эътироз кунанд: Нест бод ВНМО! 
           Пӯшида нест, ки СПИД ин зинаи охирини ВИЧ мебошад. Беморӣ, ки ҳамчун аломати норасоии масъунияти бадан муайян карда мешавад, аз аввали солҳои 80-и асри XX маълум аст. Имрӯзҳо тибқи маълумоти СММ  ҳар рӯз дар ҷаҳон 16 ҳазор нафар ба вируси норасоии масъунияти бадан сироят меёбанд, ки тақрибан 50%-ро ҷавонони синнашон аз 14 то 20 сола ташкил медиханд.
            Аз рӯзи пайдо шудани ин беморӣ дар ҷаҳон тақрибан  60  млн, нафар одамон ба он сироят шуда, 20 млн нафари онҳо ба халокат расиданд. Ва ин хеле ташвишовар аст.
            Ба  ВИЧ, занҳо, мардҳо ва кӯдакон гирифтор шуда метавонанд. Барои ВИЧ-СПИД синну сол ва миллат вуҷуд надорад. Одамоне, ки ба вируси ВИЧ дучор шуданд, давоми чандин сол худро тамоман солим ҳис мекунанд. Як нишонаи беморӣ низ ноаёнии он аст. Вале худи одам барои атрофиёнаш хатарнок аст ва метавонад бемориро фаъолона паҳн кунад. Аз сироят то пайдо шудани аломат ва нишонаҳои клиникӣ аз 1 то 5 ва 10 сол гузаштанаш мумкин аст