30.11.2023

МАШВАРАТИ НАЗДИ ДИРЕКТОР

           Имрӯз дар асоси Нақшаи ягонаи Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор» машварати назди директор бо иштироки муовинон, сардорон, деканон ва мудирони кафедраҳо аз рӯи масъалаҳои зерин:
1.   Шарту шароити донишҷуёни иҷоранишин;
2.  Тартиб ва интизоми меҳнати кормандон ва омӯзгорон;
3.  Аз муоинаи тиббӣ гузаронидани донишҷӯён; баргузор гардид, инчунин масъалаи омӯзиши вожаҳои серистеъмоли забонҳои тоҷикӣ русӣ ва англисӣ барраси гардид. 
          Ҷаласа таҳти роҳбарии муваққатан иҷрокунандаи вазифаи директор, ҷонишини директор оид ба таълими МДТ «Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор» Ҷураев М.Ф. баргузор гардид. 
           Дар рафти ҷаласа ҳисоботҳо ва пешниҳодҳо вобаста ба масъалаҳои зикргардида шунида ва муҳокима карда шуда, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани онҳо қарорҳои мушаххас қабул карда шуд.