28.11.2023

МАШҒУЛИЯТИ АМАЛӢ

            Бо мақсади таъмини иҷроиш ба «Консепсияи ислоҳоти таҳсилоти тиббӣ ва фармасевтӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» санаи 22-юми ноябри соли ҷорӣ дар Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор» аз ҷониби омӯзгори кафедраи фарматсия Муминов Сино бо иштироки донишҷӯёни солҳои 2-юм ва 3-юми ихтисоси кори  фармасевтӣ машғулияти амалӣ аз фанни технологияи дорусозӣ баргузор карда шуд.

            Дар рафти машғулияти амалӣ оид ба омода намудани маводҳои доруворӣ аз хокаи дибазол, фенобарбетал, глюкоза, маҳлули оби муқаттар, маҳлули сунбула ва ғайраҳои истифода намуда, маводҳои доруворӣ ба монанди микстура Ситрал, Павлова, хокаи Дибазол,  Люминал ва Омеза омода намуданд.