24.10.2022

Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

           Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади эҳтиром ва қадршиносӣ ба рамзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун муқаддасот ва яке аз рамзҳои асосии давлат қабул карда шудааст.
           Вобаста ба ин имрӯз дар асоси дастуру супоришҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дар сатҳи баланд гузаронидани Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани ҳисси ватандустию худшиносӣ ва ифтихор аз арзишҳои миллии кишвар, ҷиҳати такмили савияи донишу ҷаҳонбинии донишҷуён чорабинии тантанавӣ аз ҷониби омӯзгорон ва донишҷӯён бо як шукуҳӯ шаҳомати хоса бо иштироки намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор ва Ҳизби халқи демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор баргузор карда шуд.
               Чун анъана ҷамъомад бо садо додани суруди миллӣ ифтитоҳ гардида, бо суханони табрикотии муовини директор оид ба таълим Ҷураев М.Ф. оғоз гардид.
                Таъкид карда шуд, ки ҳамасола рӯзи 24-уми ноябр дар саросари кишвари азизамон Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври мутантан ва бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад. Парчами давлатии Ҷумҳурии Точикистон дар қатори Нишони давлатӣ ва Суруди миллӣ яке аз рамзҳои муқаддаси давлатӣ буда, он дар Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон қабул карда шудааст.
Дар Шӯрои Олии Моҳият ва тартиби истифодаи расмии Парчами давлати бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки 12-уми майи соли 2007-ум ба имзо расидааст, танзим карда мешавад.....
                Сипас сухан ба сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Ҳисор Шарипов Сайёд дода шуд.
Қайд гардид, ки Парчами миллии мо нишона аз таърихи бисёрҳазорсолаи халқи тоҷик буда, дар худ иттиҳоду сарҷамъ, нангу номус, ифтихор аз ватандорӣ, ҳимояи марзу бум, саъю талош барои бунёди ҷомеаи адолатпарвар ва башардӯстонаи миллати кӯҳанбунёдамонро таҷассум менамояд.
Агар ба таърих назар афканем, ба хуби дида метавонем, ки Парчам дар ҳаёти ҳар як давлату миллат мавқеъ ва нақши хоси худро дошта, ифодагари мақсаду маром ва орзую ормонҳои ин ё он халқ будааст........
                 Дар фарҷоми чорабинӣ донишҷӯёни муассиса бо барномаи фарҳангиву фароғатии худ табъи меҳмонону иштирокчиёнро болида гардониданд.