19.10.2022

ВОХУРИИ ВАКИЛИ МАҶЛИСИ.

          Имрӯз дар Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор” вохурӣ бо Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дустмуродзода Сурайё бо иштироки васеи кормандон, омӯзгорон ва донишҷӯён баргузор гардид.
Ҷаласаро директори муассиса ифтитоҳ намуда, сипас суханро ба Дустмуродзода Сурайё доданд.
          Нахуст Дустмуродзода Сурайё дар рафти суханронии хеш баромад намуда, қайд карданд, ки беҳтарин ва муҳимтарин амал баҳри рушди Истиқлолияти кишвар 16-уми ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанди бостонӣ баргузор гардидани Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) мебошад. Ин иҷлосия ва асноди ҳуқуқии он дар ҳифзи давлатдории миллӣ ва инкишофи ниҳодҳои демократӣ дар Тоҷикистон нақши муайянкунанда бозид. Дар он шабу рӯз роҳбарияти нави Тоҷикистон пас аз омӯзиш ва таҳлили ҳамаҷонибаи вазъият бо мақсади раҳоии кишвар аз бӯҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ кори мақсадноку самароварро оғоз кард.
           Дар фарҷом директори муассиса меҳмононро бори дигар хайрамақдам гуфта, ҷаласаро анҷом бахшид.