06.06.2022

Мизи мудаввар

    МАҚОМИ ТАРБИЯ ДАР ҶОМЕАИ МУОСИР.             

             Бо мақсади дар амал татбиқ намудани қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" аз 17.05.2018, № 1532 дар асоси Нақшаи чорабиниҳои шуъбаи тарбия, аз ҷониби кафедраи фанҳои гуманитарӣ имрӯз дар Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор" мизи мудаввар таҳти унвони "Мақоми тарбия дар ҷомеаи муосир" бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Кумитаи дин, намоянда аз Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор" омӯзгорон ва донишҷӯёни Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор" баргузор гардид.

            Ҷаласаи мазкурро ҷонишини директор оид ба тарбия Сангинов Ҳ.Ҳ. ифтитоҳ намуда меҳмононро бо табъи хушнуд ва болида пазируфта барои фаъолияти минбаъда руҳу илҳоми тоза таманно намуд. 

             Дар ҷаласа баромадкунандагон оид ба маърифати ҳуқуқии ҷомеа асоси пешрафти давлати ҳуқуқбунёд, волидайн ва мактаб, одоби муошират ва фарҳанги суханварӣ рукни асосии кормандони соҳаи тиб, волидайн омӯзгорони аввалини фарзандон, таъсири тақлиди фарҳанги бегона дар давлати ҳуқуқбунёд ва тарбия аз нигоҳи ислом ҳозиринро роҳнамоӣ намуданд.

             Дар фарҷоми ҷаласаи мазкур намояндагон ба саволҳои ҳозирин посухҳои қаноатманд гардониданд.