14.06.2022 14:07:00

Ҷаласаи ғайринавбатии муовини директор

       Имрӯз дар асоси дастуру супоришҳои директори Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор”, аз ҷониби муовини директор оид ба таълим – Ҷураев М.Ф., бо аъзоён, котибони комиссия ва мудирони кафедраҳои тахассусӣ ҷаласа баргузор гардид.
          Дар рӯзномаи ҷаласа масъалаҳо доир ба шиносоии раисони Комиссияи аттестатсияи хатм, омодагӣ ва ҳуҷҷатгузорӣ тибқи талабот ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ баргузор намудани имтиҳони давлатӣ, саривақт пешниҳод намудани ҳисоботи раисони КАХ нисбат ба натиҷаи имтиҳони давлатӣ ба Шӯрои омӯзгории коллеҷ, пешгирии саривақтӣ ва муқовимат бо амалҳои коррупсионӣ дар рафти баргузории имтиҳони давлатӣ ва масъалаҳои гуногун баррасӣ гардиданд.
          Ҷаласаро муовини директор – Ҷураев М.Ф., ифтитоҳ бахшида, баъдан суханро ба сардори шуъбаи таълим дод. Каримов Қ.С., – сардори шуъбаи таълим раисони Комиссияи аттестатсияи хатмро бо қироати фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 04.05.2022, №621 ба ҳамагон шиносонд. Инчунин дар бораи саривақт пешниҳод намудани ҳисоботи раисони КАХ нисбат ба натиҷаи имтиҳони давлатӣ ба Шӯрои омӯзгории коллеҷ Ҷураев М.Ф., баромад намуда, дастуру супоришҳои заруриро ба мутасаддиён баён дошт.
              Дар охир нисбат ба баъзе аз чорабиниҳои ташкилию интизомии раванди баргузории имтиҳоноти давлатӣ ба масъулон дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.