08.04.2025

СЕМИНАР-МАШВАРАТ

СЕМИНАРИ МАШВАРАТӢ ҶИҲАТИ ОМОДАГӢ БАРОИ БАРГУЗОРИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ» 
Бо мақсади таҳкими корҳои омодагӣ ҷиҳати баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» дар соли 2025, дар Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор” таҳти роҳбарии мудири кафедраи фанҳои табиӣ-риёзӣ, Улуғов О.П., семинари машваратии омӯзишӣ баргузор гардид. Дар ин ҳамоиш омӯзгорони кафедраи фанҳои табиӣ-риёзӣ ва донишҷӯёни фаъол иштирок намуданд. 
Улуғов О.П. семинарро ифтитоҳ намуда, изҳор доштанд, ки бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» дар саросари кишвар ба роҳ монда шуда, миёни ҷомеа ҷонибдории васеъ пайдо кардааст. 
Дар ҷараёни семинар, муҳтавои низомномаи озмун дар соли 2025, ки бо тағйиру иловаҳои нав пешниҳод гардидааст, мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифта, дар хусуси шарту шароити баргузории он тибқи низомномаи ислоҳшуда мубодилаи афкор сурат гирифт.
Таъкид гардид, ки тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2025, №АП-710, ба Низомномаи озмуни мазкур тағйиру иловаҳои муҳим ворид карда шудаанд. Аз ҷумла, дар соли 2025 номинатсияи нав бо унвони «Зеҳни сунъӣ ва барномасозӣ» илова гардида, имкониятҳои нави иштирокро барои ҷавонони соҳибистеъдод фароҳам месозад.
Ҳамзамон, бо дастури Пешвои миллат, ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани сифати баргузории озмун ва ҳавасмандсозии бештари иштирокчиён, дар Низомномаи озмун тағйироти замонавӣ ворид гардида, механизмҳои муассири ташвиқ ва дастгирии иштирокчиён пурзӯр карда шудаанд.