“ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ” – ҚАДАМЕ БА СӮИ ҶАҲОНИ МАЪРИФАТ: ДАВРИ АВВАЛИ ОЗМУН
Бо мақсади татбиқи амалии амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2025, №АП – 709 ҷиҳати рушди фарҳанги китобхонӣ, таҳкими худогоҳию худшиносӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, тақвияти неруи зеҳнӣ ва тавсеаи ҷаҳонбинии маънавӣ, дар Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор” даври аввали озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” баргузор гардид.
Озмунро мудири кафедраи забонҳо Васихов Д.С., ифтитоҳ намуда, таъкид карданд, ки дар замони таҳаввулоти илмиву иттилоотӣ ва раванди ҷаҳонишавӣ китоб ҳамчун манбаи асосии дониш ва пояи устувори маърифати инсонӣ нақши муҳим касб менамояд. Озмуни мазкур дар заминаи тақвияти эҳсоси худшиносиву худогоҳӣ ва арҷгузорӣ ба мероси адабиёти миллӣ ва ҷаҳонӣ заминаи устувор фароҳам оварда, бо фарогирии номинатсияҳои адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ, адабиёти классикии тоҷик, адабиёти муосири тоҷик ва адабиёти ҷаҳон, имкони васеи тавсеаи дониши бадеӣ ва афкори таҳлилӣ фароҳам сохт.Бо мақсади таъмини шаффофияти озмун ва арзёбии воқеии малакаи иштирокдорон, ҳайати доварон аз ҳисоби омӯзгорони баландихтисос ва мутахассисони варзида таъсис ёфт. Арзёбии иштирокчиён аз рӯи меъёрҳои забондонӣ, лафзи равон, маҳорати суханварӣ, фаҳмиш ва таҳлили осори адабӣ, захираи луғавӣ ва эҷодкории инфиродӣ сурат гирифт.
Озмун на танҳо ҳамчун василаи ташаккули малакаҳои суханварӣ ва таҳлилӣ, балки ҳамчун омили муҳими баланд бардоштани завқи китобхонӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва таҳкими ҷаҳонбинии илмӣ аҳамияти назаррас пайдо намуд. Донишҷӯён бо маҳорати баланд дар қироати осори адабӣ ва тафсири муҳтавои он ҳунарнамоӣ карда, омодагии илмиву зеҳнии худро муаррифӣ намуданд. Ғолибони даври аввал ҳуқуқи ширкат дар марҳилаҳои минбаъдаро ба даст оварда, бо азму иродаи қавӣ барои расидан ба зинаҳои баландтар омодагӣ мегиранд.
Дар фарҷом аз ҷониби масъулин қайд гардид, ки рушди маърифат ва китобхонӣ дар замони муосир ҳамчун унсури муҳими ташаккули шахсият ва пешрафти ҷомеа нақши муҳим дошта, озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар рушди тафаккури таҳлилӣ, баланд бардоштани сатҳи худшиносиву худогоҳӣ ва арҷгузорӣ ба мероси фарҳангӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
