НАВРӮЗ – ОҒОЗИ ПОКИЗАГӢ ВА ОБОДОНӢ! Дар асоси дастури раиси шаҳри Ҳисор муҳтарам Носирзода Ҷаббор ва раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Фарҳод Раҳимӣ аз 07.03.2025, №1/05-447, бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни байналмилалии Наврӯз, санаи 15.03.2025 дар Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор" ва шоҳроҳи Душанбе – Ҳисор – Турсунзода минтақаи Шоҳамбарӣ шанбегии дастаҷамъона баргузор гардид. Дар ин чорабинии муҳими ҷамъиятӣ кормандон, омӯзгорон ва донишҷӯёни коллеҷ фаъолона иштирок намуда, гирду атрофи муассиса ва ҳудуди онро тоза ва обод намуданд. Наврӯз ҳамчун ҷашни эҳё ва покизагӣ моро водор месозад, ки муҳити зисти худро сарсабз ва зебо нигоҳ дорем. Бо ҳамин мақсад, дар доираи шанбегӣ гулҳо шинонида, буттаҳои сабзкорӣ бурида, ҳамчунин корҳои ободонӣ ва зебосозии ҳудуди таълимгоҳ анҷом дода шуданд. Роҳбарияти муассиса ва ҳайати омӯзгорон аз иштироки фаъолонаи донишҷӯён ва кормандон изҳори сипос намуда, чунин ташаббусҳоро омили муҳими тарбияи ҳисси ватандӯстӣ ва масъулиятшиносии ҷавонон арзёбӣ карданд.

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» 21.12.2021

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» 23.12.2022

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» 28.12.2023
