Бо мақсади дар амал татбиқ намудани Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 (Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2021, №222) санаи 13 марти соли 2025 дар Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор" бо иштироки директори муассиса Дустмуродзода К.О., намояндаи шуъбаи минтақавии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои водии Ҳисор, лейтенанти калони адлия Абдуллозода Одил Толиб, муовини директор оид ба таълим, номзади илмҳои тиб Ҷураев М.Ф., муовини директор оид ба тарбия Сангинова С.О., омӯзгорон ва донишҷӯёни ҳамоиши назариявӣ баргузор гардид. Чун анъана ҳамоиш бо садо додани суруди миллӣ ифтитоҳ гардида, бо суханони муқаддимавии муовини директор оид ба тарбия Сангинова С.О. оғоз гардид. Сангинова С.О., ҳузури меҳмононро ба муассиса хайрамақдам гуфта, суханро ба намояндаи шуъбаи минтақавии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои водии Ҳисор муҳтарам Абдуллозода Одил Толиб доданд. Абдуллозода Одил Толиб, дар суханронии пурмуҳтавои худ нуктаҳои калидии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 28 декабри соли 2024 ироа гардида буд, мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор дода, ба масоили мубориза бо коррупсия, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва пешгирии хатарҳои ифротгароӣ дар миёни ҷавонон таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд. Ҳамзамон, зикр карданд, ки коррупсия на танҳо садди пешрафти ҷомеа ва рушди иқтисодиёт мегардад, балки ба устувории низоми давлатдорӣ низ хатар эҷод мекунад. Аз ин рӯ, таҳкими риояи қонунгузорӣ, рушди тафаккури зиддикоррупсионӣ ва ҷорӣ намудани механизмҳои самараноки назорат аз муҳимтарин самтҳои фаъолияти давлат маҳсуб мешаванд. Зимни ҳамоиш таҳлилҳои илмӣ ва мисолҳои воқеӣ оид ба оқибатҳои манфии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгароӣ, терроризм ва экстремизм пешниҳод гардида, аҳамияти рушди ҷаҳонбинии ҳуқуқӣ, тарбияи ахлоқӣ ва донишҳои ҳуқуқии ҷавонон ҳамчун воситаи асосии пешгирии ин хатарҳо таъкид шуд. Дар қисми ҷамъбастии ҳамоиш муколамаи озод миёни донишҷӯён, омӯзгорон ва намояндаи Агентӣ сурат гирифта, иштирокдорон вобаста ба ҷанбаҳои қонунии мубориза бо коррупсия, механизмҳои пешгирии он дар муассисаҳои таълимӣ ва нақши ҷавонон дар таҳкими волоияти қонун саволҳо пешниҳод намуда, ҷавобҳои мушаххас ва асосноки илмӣ дарёфт карданд. Маврид ба зикр аст, ки чорабинӣ дар фазои баланди илмӣ-назариявӣ, муҳокимаи озоду созанда ва бо иштироки фаъоли донишҷӯён ва устодон доир гардид.

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» 21.12.2021

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» 23.12.2022

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» 28.12.2023
