МОДАР – ЗИНАТИ ХОНА, УСТОД, АТФОЛ ВА МУАЛЛИМИ НАСЛҲО Навои булбул омад ёд кардам алаҳоятро, Сари гаҳвора зери лаб суруди хушнавоятро. Ман охир ёд кардам ёд кардам модари ҷонам, Адоятро навоятро ҳама меҳру вафоятро. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бузургию беназирии модарро ситоиш намуда гуфтаанд: «Бешак дар ҷомеае, ки сафи занҳои босаводу бомаърифат меафзояд, пешравии босуръат хоҳад буд ва дар он шумораи ҳарчи бештари фарзандони хуб тарбия хоҳад ёфт». Чихеле ки ба мо маълум аст занро зинати хона, устод, атфол ва муаллими наслҳо мегуянд. Воқеъан ҳам агар зан дар оила бо ақлу бо фаросат, сариштакору озода бошад худрову атрофиёнашро аз ҳолатҳои ногувори зиндагӣ эмин нигоҳ медорад. Раванди тадбиқи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеъа баррасиву ҳалли мушкилоти ҷойдошта пешгирии зуҳуроти номатлуб ва тадбирҷуйҳои баҳри маърифатнокии бонувон чи ислоҳотӣ таҳавулоте ба миён овардааст. Оре саодати зиндагӣ дар калимаи зан- модар нуҳуфтааст. Беҳуда нагуфтаанд модар бо як даст гаҳвора ва бо дасти дигар дунёро такон медиҳад. Дар васфи модар чи қадар шеъру таронаву суруд бихонем, бинависем кам аст чунки олиҳаи ҳастӣ ҳамаи мавҷудоти руи замин, зан- модар аст. Инсон баъд аз раҳо гаштан аз оғуши гарми модар қимати ӯро дарк мекунад. Зеро мисли канори модар биҳиштосо макони дигаре нест. Модар дар ҳама ҳолат чӣ ҳозиру ғоиб пайваста дар ёди фарзанд аст. Оромиву сиҳатӣ ва хушгуфтории фарзандро дида меболад. Аҷаб дунёи рангину зебо дорад модар. Мутаассифона, на ҳама вақт мо ба иззати ин ганҷи бебаҳо расида метавонем. Гоҳ дар дарёи пуршуру ҷавонӣ ишқу ҳавас заврақ меронему модарро фаромӯш месозем. Аммо баъд аз кирдори худ пушаймон гашта, ӯро намиёбем. Оре, давлати фарзанд модар аст. Образи ин шахсияти нотакрор дар адабиёт мақоми хоса дорад. Шоирону адибони олам симои воқеии ӯро бо сухан нишон дода, номашро то Моҳ баровардаанд. Модар ба чунин қадрдонӣ сазовор аст. Зиндагӣ худ шеър аст, ки бо аллаи модар ибтидо гирифта бо номи он хотима меёбад. Ана ҳамин бузургию шаҳомати ӯро ба назар гирифта модарро тимсоли Ватан медонанд. Агар нури офтоб ҷаҳонро файзу хуррамӣ бахшад, пас Зан – Модар бо меҳру муҳаббат ва раҳму шафқати хеш сарчашмаи зиндагӣ ва гармии ҳар як хонавода аст. Дар ситоиши Зан – Модар то имрӯз ҳазорон асари саршор аз меҳру муҳаббат эҷод гардида, симои зани тоҷик ҳанӯз дар аввалин китобҳои мардуми куҳанбунёди мо ҳамчун фарди озоданажоду озодихоҳ, зебову зебоипараст, донишманду фарҳангдӯст, диловару гурдофарид, ватандору ватанпараст ва ҳунарманду кадбону тасвир ёфтааст. Мо ҷашни бонувонро махсус Рӯзи Модар ном ниҳодем, то ки эҳтироми амиқу арҷгузории хосаи худро ба бузургиву зебоӣ ва азамату олиҳимматии модарони поксиришту офарандагони ҳаёти инсонӣ собит созем. Зеро аслу ҷавҳари Рӯзи Модарро муҳаббату самимият, покиву садоқат ва ҳурмату эҳтироми беандоза нисбат ба Зан – Модар ташкил медиҳанд. Нақш ва мақоми зан дар ҳамаи давру замонҳо дар ҳаёти ҷомеаи башарӣ ҳамчун офарандаи ҳаёт, пайвандгари наслҳо ва низомбахши рӯзгор ниҳоят бузург аст. Гузашта аз ин, Зан-Модар мураббии аҳли башар ва нахустустоди инсон мебошад. Пос доштани иззату эҳтироми модар ва арҷ гузоштан ба мақому манзалати ӯ қарзи муқаддаси ҳар як инсон буда, подоши заҳмату бедорхобиҳои модар фақат аъмоли писандида, рафтори шоиста ва фазилатҳои неки ҳар як фарди солимфикр ва бонангу номус аст. Дар тамоми таърихи тӯлонии миллати тоҷик низ рисолати офарандагиву тарбиятгарӣ, рӯҳи озоду иродаи қавӣ, афкори наҷибонаю одоби ҳамида ва муҳаббату садоқати бепоёни Зан – Модар дар осори бузургони гузаштаву муосири тоҷик ситоиш гардидааст. Модар худаш намехӯраду фарзандашро мехӯронад, дили софу беолоиш дорад. Аз ин рӯ, мо низ фарзандон ҳам бояд ба қадри модар бирасем. Ӯро дӯст дорем, меҳрубон бошем. Зеро, ки дунё бе меҳру муҳаббати модар, бе ҳастии модар ҳеҷ аст. Бузургон дар васфи модар шеърҳои зиёде гуфтаанд, ҳофизон онҳор ба оҳанг дароварда супоридаанд. Ҳар як нафари мо бояд ба қадри модар бирасем. Ӯро хушбахт созем. То ҳастем барояш хидмат кунем. Кӯшиш кунем, ки модар аз мо розӣ бошад. Ҳеҷ гоҳ меҳри модар аз фарзанд кам намешавад. Дар дунё ғайр аз модарам касеро то ин дараҷа дӯст намедорам. Ҳастии модар барои ҳар як шахс бахти бузургест, домони модар биҳишти воқеии ҳар як инсон аст. Аз ҳама шахси бахшоянда, дуогу, меҳрубон, мушфиқ ғамхор, дӯстдорандаи фарзанд танҳо модар аст. Зан модар ба қавли бузургон бо як дасташ гаҳвора ва бо дасти дигараш дунёро такон медиҳад. Аз бисоти бузургаш ба фарзандон шири сафед медиҳад, то дар зиндагӣ роҳи сафеду бахти сафед ёраш бошад. Барои ба тарбият ба воя расонидан ва ба обрӯ гардиданаш кӯшиши зиёде мекунад. Даме тифлаш роҳгардон мешавад, модар мефахрад даме, ки аввалин сухани бузург-«Модар»-ро ба забон меорад, модар бештар хушҳол гашта мефахрад, ки чун муъҷизоти пурафзуни инсони комилро офаридааст. Танҳо модар аст, ки сахтиҳои зиндагиро ба мо қисмат мекунад. Меҳри беҳамтои модар ба мисли хуршеди олам аст, ки ба тамоми олам саховатмандона нӯр мепошад. Калимаи модар калимаест, ки дар тамоми забонҳои ҷаҳон як хел оҳанги навозишкорона дорад. Зан-модар ягона фариштаи рӯи замин мебошад, ки зиндагӣ аз ӯ сарчашма мегирад. Ҳурмати эҳтироми модар, ба қадри заҳматҳои содиқонаи модар расидан ва донистани қадру қиммати модар вазифа ва қарзи ҳар як фарзанд ба шумор меравад. Ақлу фаросат, хираду бурдборӣ, диловариву қаҳрамонӣ, хушқалбӣ, софдиливу меҳрубонӣ, хушзабонӣ яке аз хислатҳои накӯи модари тоҷик мебошад. Калимаи “модар”, аз панҷ ҳарф иборат буда, ифодагари панҷ унсури шахсияти беҳамтои ӯ – Меҳр, Одамӣ, Дилсӯзӣ, Адолат ва Ростӣ мебошад. Воқеан модар мисли Замину Осмон яктост ва меҳру муҳаббати модар мисли баҳр софу беканор буда, таҷассумгари хушбахтии фарзандон мебошад. Модар ягона мавҷудест, ки инсон меофарад ва тавре, ки бузургон гуфтаанд, бо як дасти худ гаҳвора ва бо дасти дигараш сайёраро меҷунбонад. Қобили зикр аст, ки зан-модар ба мисли гулҳои баҳорӣ пурнакҳату муаттар, сабзу хуррам ва шодоб мебошад. Дар фасли баҳор бахшида ба занону модарон ҷашни “Рӯзи модар” таҷлил мегардад, ки ин ҳам аз шарофату бузургии модар сарчашма гирифтааст. Модар ягона шахсест, ки барои фарзанд дунёро такон медиҳад ва барои фарзанд такягоҳ мешавад. Пас аз Худованд, зан-модар дуюмин офаридгор дар рӯи замин мебошад, ки ба инсоният ҷон мебахшад. Тамоми бузургон, шоирону қаҳрамонони гузаштаву замонро модар ба дунё овардааст. Бузургии зан-модар дар он мебошад, ки ӯ чароғи хонадон, идомадиҳандаи насли солим, тарбияткунанда, ҳифзкунандаи забон, таърих ва фарҳанги миллӣ мебошад. Модар аввалин мураббӣ, омӯзгор ва тарбиятгар мебошад, ки ба фарзанд роҳ рафтан, сухан гуфтан, дуруст ғизо хӯрдан ва тамоми ҳаракатҳоро ба тифл меомӯзонад. Дар ҳақиқат оид ба бузургиҳои модар чӣ қадаре ҳам сухан гӯем кам аст, чунки модар шахсияти нотакроре мебошад, ки дили меҳрубони бузург дорад. Мо ҷашни бонувонро махсус Рӯзи Модар ном ниҳодем, то ки эҳтироми амиқу арҷгузории хосаи худро ба бузургиву зебоӣ ва азамату олиҳимматии модарони поксиришту офарандагони ҳаёти инсонӣ собит созем. Зеро аслу ҷавҳари Рӯзи Модарро муҳаббату самимият, покиву садоқат ва ҳурмату эҳтироми беандоза нисбат ба Зан – Модар ташкил медиҳанд. Нақш ва мақоми зан дар ҳамаи давру замонҳо дар ҳаёти ҷомеаи башарӣ ҳамчун офарандаи ҳаёт, пайвандгари наслҳо ва низомбахши рӯзгор ниҳоят бузург аст. Гузашта аз ин, Зан-Модар мураббии аҳли башар ва нахустустоди инсон мебошад. Пос доштани иззату эҳтироми модар ва арҷ гузоштан ба мақому манзалати ӯ қарзи муқаддаси ҳар як инсон буда, подоши заҳмату бедорхобиҳои модар фақат аъмоли писандида, рафтори шоиста ва фазилатҳои неки ҳар як фарди солимфикр ва бонангу номус аст. Модарон сарчашмаи ҷовидонаи ҳаёт ва офарандаи хушбахтӣ ва нуру зиёи зиндагӣ ҳастанд. Зан – Модар масдари наслҳо ва меҳвари ҳар як оила аст. Занону модарони тоҷик тараннумгари зебоӣ, нигаҳдорандаи меҳру муҳаббат ва идомабахши ойинҳои неки гузаштагон буда, дар замири фарзандон меҳри Ватан, падару модар, эҳтироми калонсолон ва арҷ гузоштан ба инсониятро ҷой медиҳанд ва чун боғбони насли одамӣ онҳоро парвариш менамоянд. Рӯзи Модар муборактарин рӯз аст ва хизмати фарзанд дар қиёси ранҷу заҳматҳои модар фақат қатрае аз баҳрро мемонад. Дар сатҳи давлатӣ ва бо тантанаву шукӯҳи хоса ҷашн гирифтани Рӯзи Модар нишонаи эътибору эҳтироми зиёди давлат ва Ҳукумати кишвар нисбат ба модарону занон мебошад, зеро нақши занону модарон дар ободии хонадон, тарбия кардану ба воя расонидани фарзандон, ба онҳо омӯзонидани забони модарӣ, одобу маънавиёт, парвариши эҳсоси баланди худшиносиву худогоҳӣ, ҳисси миллӣ ва ифтихори ватандорӣ беназир аст. Ишқам, умедам, хаётам туӣ, эй модари ҷон модарам, Қалбам, садоям, навоям туӣ, эй модари ҷон модарам. Ширин забонӣ, дармони ҷонӣ, эй модари ҷон модарам, Танҳо бароям ту меҳрубонӣ, эй модари ҷон модарам. Абдуллоев Бахтиёр Бобомуродович – сармутахассиси Бахши идоракунии сифати таҳсилот.

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» 21.12.2021

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» 23.12.2022

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» 28.12.2023
