13.05.2024

МАСЪУЛИЯТИ ВОЛИДАЙН

БО МАҚСАДИ АМАЛИГАРДОНИИ ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ МАСЪУЛИЯТИ ПАДАРУ МОДАР ДАР ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ ФАРЗАНД» ҶАЛАСА БО ВОЛИДАЙНИ ДОНИШҶӮЁНИ МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ШАҲРИ ҲИСОР” ГУЗАРОНИДА ШУД.

Ҷиҳати баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати раванди таълим ва донишандӯзии донишҷӯён, иштироки фаъолонаи донишҷӯён дар чорабиниҳои тарбиявӣ, баланд бардоштани ҳуввияти миллӣ ва ҳисси меҳанпарастии онҳо, арҷгузорӣ ба муқаддасот ва дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ, тарбияи мутахассисони лаёқатманд тули ду ҳафтаи охир ҷаласаи падару модарони донишҷӯён баргузор гардид.
Ҷаласаро бо сухани ифтитоҳӣ муовини директор оид ба тарбия Сангинов Ҳ.Ҳ. ҳусни оғоз бахшида, ба падару модари донишҷӯён дар хусуси зарурат ва аҳамияти баргузории ҷаласаи мазкур гузориш дод. Аз ҷумла иброз намуд, ки дар тамоми суҳбату вохӯриҳои хеш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои милат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даъват ба амал меоранд, ки волидайн, тамоми сохторҳои давлатӣ ва дар маҷмўъ ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон риояи меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълим ва тарбияи фарзанд» — ро ба роҳбарӣ гирифта, нисбат ба насли наврас ва ояндаи давлати ҷавони тоҷик бетафовут набошанд ва дастҷамъона дар устувориву пойдорӣ, рушд ва пешрафти он саҳмгузор бошанд.
Ҳамзамон, хотирнишон сохтанд, ки ҳамкории волидайни донишҷӯ бо муассиса дар оянда имкон медиҳад, ки сатҳу сифати таълим боло бардошта шуда, ҳамзамон мутахассисони болаёқат, рақобатпазири бозори меҳнат, ҷавобгўй ба стандартҳои ҷумҳуриявӣ ва дар руҳияи меҳанпарастиву хештаншиносӣ тарбияёфта омода карда шаванд.
Сипас, сухан ба директори муассиса Раҷабов Баҳодур Баҳромович дода шуд.
Раҷабов Б.Б. дар кори ҷаласа, масъалаҳои:
- саривақт ҳозир шудан ба дарс;
- бо либосҳои ғайритавсиявӣ ҳозир шудани донишҷӯён;
- бо автомашинаҳои шахсӣ ҳозир нашудан ба Коллеҷ;
- ҳозир шудан ба муассиса бо ҷузвдон, китобу дафтар ва дигар лавозимоти таълимӣ;
- риоя намудани қоидаҳои тартиботи дохилии муассиса;
- худдорӣ намудан аз офтобпараст, сақич дар ҳудуди Коллеҷ;
- нагаравидани донишҷўён ба ҳаргуна равияҳои сиёсӣ-динии хусусияти ифротгароӣ ва радикалидошта;
- раҳоӣ бахшидани донишҷӯ аз хурофот ва таассуб;
- аз истифодаи телефонҳои мобилӣ дар бино ва саҳни муассиса худдорӣ намудан;
- ташвиқ намудани тарзи ҳаёти солим;
- вусъат бахшидан ба низоми омӯзиши забонҳои хориҷӣ;
- васеъ намудани амалияи истифодаи забони хориҷӣ,
- ҷалби онҳо ҷиҳати иштирок ба чорабиниҳои оммавии варзишӣ;
- мусоидат намудан ба ташрифи донишҷӯён ба театрҳо, осорхонаҳо, намоишгоҳҳо,
- иштироки падару модар дар дарсҳо,
- воқиф будан аз рафтор ва одоби муоширати донишҷӯ, баланд бардоштани сифат ва сатҳи донишандӯзии онҳо мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор доданд.
Боиси қайд аст, ки ҷаласаи падару модарони факултетҳо дар алоҳидагӣ ҳамарӯза баъди нисфирӯзӣ таҳти роҳбарии деканони факултет баргузор карда шуд.
Ҳамзамон, пеш аз оғози ҷаласа маълумотномаи натиҷаи холҳои ба дастовардаи донишҷӯён, давомот, натиҷаи фаъолияти азхудкунӣ дар як нимсола ба падару модарони донишҷӯён дастрас карда шуд.
Дар умум натиҷаи таҳлилу мушоҳидаҳо нишон дод, ки падару модарони донишҷўён ба падидаи баргузории ҷаласаи волидайн нек муносибат намуда, онро бо қаноатмандӣ эътироф карда, ба хушӣ пазируфтанд.
Ҳамзамон, онҳо таъкид карданд, ки бо амалишавии нақшаҳои пешбинишуда ва дурнамои муассиса дар ҳаёти таълимӣ, илмӣ ва тарбиявии Коллеҷ таҳаввулотҳои ҷиддӣ ба миён меоянд