07.05.2024

МИРЗО ТУРСУНЗОДА

ҲАМОИШИ ИЛМИЮ АДАБӢ ТАҲТИ УНВОНИ «МИРЗО ТУРСУНЗОДА – МУНОДИИ СУЛҲУ ДУСТӢ»

4 майи соли равон дар толори маҷлисгоҳи МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор” бо мақсади иҷрои дастури Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати қадрдонӣ ва гиромидошти Қаҳрамони Тоҷикистон, устод Мирзо Турсунзода бо иқдоми кафедраи забонҳо таҳти роҳбарии мудири кафедра Васихов Д.С. аз ҷониби омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик Саидов М.Ҷ. таҳти унвони “Мирзо Турсунзода – Мунодии сулҳу дустӣ” ҳамоиши илмӣ адабӣ баргузор карда шуд.
Дар кори конференсия муовини директор оид ба тарбия Сангинов Ҳ.Ҳ., сардори шуъбаи таълим Сангинова М.О., ва дигарон ширкат доштанд.
Нахуст муовини директор оид ба тарбия Сангинов Ҳ.Ҳ., дар кори коференсия ҳусни оғоз бахшида чунин қайд намуданд.
Боиси ифтихор аст, ки дар ҳар марҳалаи таърих тақдир барои халқу миллати мо шахсиятҳои номвару номдор ва шоёну шоистаро ҳадя намудааст, ки онҳо бо ҳастии ибратомӯзи хеш барои рушду равнақи кишвари азизи худ саҳми намоён гузошта меоянд.
Дар давоми беш аз сад соли охир бузургоне, монанди устод Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур, Боқӣ Раҳимзода ва садҳо алломагону бузургмардон арзи ҳастӣ намуданд ва устод Мирзо Турсунзода дар пешгоҳи ин симоҳои мунири таърихӣ қарор дорад.
Дар миёни шоирони класик ва муосир кам шоиреро метавон ёфт, ки мисли устод Турсунзода то ин ҳад мардумӣ бошаду дарди дили мардуми дунёро ифшо созад ва мардум ӯро мисли фарзанд дуст доранд.
Сипас, сухан ба омӯзгорон-маърузачиён дода шуд.
Дар рафти конференсия суханрониии омӯзгорон аз ҳаёту фаъолияти шоир манзури аҳли нишаст гардонида шуд.