08.05.2024

9 – МАЙ РӮЗИ ҒАЛАБА

ОРАБИНИИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА 9 – МАЙ РӮЗИ ҒАЛАБА

Дар МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор” аз ҷониби кафедраи фанҳои гуманитарӣ таҳти роҳбарии мудири кафедра Қаландаров З.Қ., бахшида ба 9 – май Рӯзи Ғалаба чорабинии тантанавӣ баргузор карда шуд.
Чун анъана чорабинӣ бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардида, бо суханони табрикотии муовини директор оид ба тарбия Сангинов Ҳ.Ҳ., ифтитоҳ гардид.
Қайд гардид, ки таҷлили ҳамасолаи ҷашни Ғалаба ҳамчун иди умумихалқӣ нишони арҷгузорӣ ба қаҳрамонӣ ва анъанаҳои пуршарафи ҷангии падарони шӯҳратманд аст. Дар таърихи инсоният санаҳое ҳастанд, ки бо гузашти солҳо аҳамият ва бузургии онҳо боз ҳам бештар аён мегарданд. Ҳар сол дар кишвари азизу маҳбуби мо ба хотири ёдбуди онҳое, ки баҳри халқу Ватан дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҷон фидо намудаанд ва барои қадрдонии онҳое, ки баҳри ба даст овардани ғалаба мардонавор ҷангидаанд, 9 май ҳамчун Иди Ғалаба ҷашн гирифта мешавад.
Сипас, сухан ба омӯзгори кафедраи фанҳои гуманитарӣ Ҳамроев Ф.Р., дода шуд.
Рӯзи Ғалаба ҳам дар радифи ҳамин гуна санаҳои фаромӯшнашуданӣ мақом дорад. Он барои тамоми инсоният, аз ҷумла мо, тоҷикистониён низ азиз ва гиромӣ аст. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хотири иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватаниро пос медорад ва онҳоеро, ки дар қайди ҳаёт ҳастанд мавриди дастгирӣ ва таваҷҷуҳи хоса қарор додааст. – иброз дошт Ҳамроев Ф.Р.
Ҳамзамон, омӯзгори кафедраи мазкур Ятимов М.К., оид ба корнамоиҳои тоҷикон дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ маъруза намуданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ донишҷӯёни муассиса бо барномаи фарҳангиву фароғатии худ табъи иштирокчиёнро болида гардониданд.