04.05.2024

ЗАХИРАҲОИ ОБӢ

ТАШАББУСҲОИ БЕНАЗИРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ҲИФЗИ ЗАХИРАҲОИ ОБИИ САЙЁРА

Дар Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор” бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор, муовини директор оид ба тарбия, мудири шуъбаи умумӣ, омӯзгорон ва донишҷӯён дар мавзуи “Ташаббусҳои беназири пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳифзи захираҳои обии сайёра” мизи мудаввар баргузор карда шуд.
Чорабинии мазкур ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои директори муассиса муҳтарам Раҷабов Баҳодур Баҳромович бо мақсади шарҳу тавзеҳи муҳтавои ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат дар самти ҳифзи табиат ва обу иқлим роҳандозӣ шуд.
Зимни суханронӣ омӯзгори кафедраи табиӣ-риёзӣ Ғайратова Фарангис қайд карданд, ки барои мардуми шарафманди Тоҷикистон боиси ифтихор аст, ки дар Иҷлосияи 27-уми Конфронси ҷонибҳои Конвенсияи қолабии СММ доир ба тағйирёбии иқлим, ки санаи 14 декабри соли 2022 баргузор гардид, пешниҳоди навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо тарафдории 153 давлатҳои аъзо дастгирӣ ёфта, соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва санаи 21-уми март Рӯзи байналмилалии пиряхҳо эълон гардид. Инчунин, дар ҳамин ҷаласа дар назди ин созмони бонуфузи умумиҷаҳонӣ Фонди боэътимоди махсус барои ҳифзи пиряхҳо таъсис дода шуд. Ҷонибдории ташаббусҳои инсондӯстона ва бунёдкоронаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаҳои марбут ба об ва иқлим аз боло рафтани обрӯву нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ шаҳодат медиҳад.
Дар фарҷом баъди анҷоми маърӯза байни омӯзгорон ва донишҷӯён мубодилаи афкор сурат гирифт.