20.04.2024

ДОНИШИ АМАЛӢ

МАРОМИ МО БАЛАНД БАРДОШТАНИ САВИЯИ ДОНИШИ АМАЛИИ ДОНИШҶӮЁН

Бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои директори Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор” Раҷабов Баҳодур Баҳромович ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати дониши амалии донишҷӯёни ихтисоси кори фармасевтии Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор” бо ташаббуси кафедраи фарматсия ва забони лотинӣ аз ҷониби омӯзгори фанни фармакология ва технологияи дорусозии кафедраи мазкур Мудинов Ш.Э. ҷиҳати шиносоӣ бо асбобҳои дорусозӣ ва тарзи тайёр намудани маводи доруворӣ дар шароити лабораторияҳо як қатор донишҷӯёни муассиса ба факултети фармасевтии Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон сафарбар карда шуданд.
Дар ин раванд, донишҷӯён аз парки технологии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дидан намуда, бо рафти коркард, истеҳсол, банду баст, тамғазании маводҳои доругӣ ва косметологӣ, инчунин, бо натиҷаи ниҳоии таҳқиқотҳои илмӣ ва натиҷаи таҳқиқоти илмие, ки дар истеҳсолот ҷорӣ шудааст, шинос шуданд.