24.04.2024

КОНФЕРЕНСИЯ

КОНФЕРЕНСИЯИ НАЗАРИЯВӢ АЗ ҶОНИБИ ОМӮЗГОРОНИ КАФЕДРАИ ТАБИӢ-РИЁЗӢ ВА ЗАБОНҲО

Дар Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор” аз ҷониби омӯзгорони кафедраи табиӣ-риёзӣ Улуғов А. дар мавзуи “Морфоэкологияи замбури асал ва аҳамияти он дар Тоҷикистон”, Ғайратова Ф. дар мавзуи “Апитерапия”, Муминова Ф. дар мавзуи “Об манбаи ҳаёт”, Улуғов О.П., дар мавзуи “Нақши озмуни ҷумҳуриявии Илм – фурӯғи маърифат дар рушди зеҳни донишҷӯён” дар доираи Барномаи бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф барои солҳои 2020-2040 ва Даҳсолаи байналмилалии амал об барои рушди устувор”, инчунин, бо мақсади иҷрои бандҳои нақшаи чорабиниҳои Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ барои давраи то соли 2030 аз ҷониби омӯзгорони кафедраи забонҳо Раҷабов Ш. дар мавзуи “Аҳамияти забони англисӣ дар рушди соҳаи тандурустӣ” ва Саидов М.Ҷ. дар мавзуи “Муборизаи ҷасурона ва фаъолияти хирадмандонаи устод Садриддин Айнӣ” конференсияи назариявӣ баргузор карда шуд.
Омӯзгорони мазкур дар мавзуҳои зикргардида, бо маърузаҳои пурмуҳтавои хеш баромад намуда, рафти конференсияро ҷолиб намуданд.
Пас аз анҷоми ҳар як маърӯза байни маърузачиён ва донишҷӯён мубодилаи афкор сурат гирифта, аз конференсияи мазкур донишҷӯён таасуроти маънавӣ гирифтанд.