30.04.2024

ҶАМЪОВАРИИ РАСТАНИҲО

ҶАМЪОВАРИИ РАСТАНИҲОИ ДОРУГӢ АЗ ҶОНИБИ ДОНИШҶӮЁНИ ФАКУЛТЕТИ КОРИ ФАРМАСЕВТӢ БАРОИ ГУЗАРОНИДАНИ ДАРСИ АМАЛӢ АЗ ФАННИ ФАРМАКОГНОЗИЯ

Санаи 23 апрели соли равон бо мақсади гузаронидани дарси амалӣ аз фанни фармакогнозия таҳти роҳбарии мудири кафедраи фарматсия ва забони лотинӣ Муминов С.С., донишҷӯёни факултети кори фармасевтӣ ба ҷамъоварии растаниҳои шифобахши мавсимӣ ба деҳаи Сумбулаи шаҳри Ҳисор сафарбар карда шуданд.
Дар рафти ҷамъоварии растаниҳои доругӣ аз ҷониби масъулин тарзи дуруст чиндан, вақти чиндан, гербариякунонӣ ва муайян намудани моддаҳои фаъоли биологӣ фаҳмонида шуд.
Аз растаниҳои ҷамъоварӣ карда шуда, маводҳои дорувории ҷолинусӣ ба монанди дамоба ва ҷушобаҳо омода карда шуд.
Дар натиҷа донишҷӯён оид ба тарзи чиндан, ҷудо кардани онҳо аз алафҳои бегона ва тарзи омодакунии маводҳои доруворӣ аз растаниҳои шифобахш шинос шуданд.