Дар ташкилоти ибтидоии «Табибон» Рӯзи илм таҷлил гардид

Дар асоси нақшаи кори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор ба ифтихори Рӯзи илми тоҷик дар ташкилоти ибтидоии “Табибон” ҳамоиш таҳти унвони “Нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пешрафти илми тоҷик” баргузор гардид.
Дар ҳамоиши мазкур Изатуллои Ҳабибзод - раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор ва Раҷабов Баҳодур – директори Коллеви тиббии шаҳри Ҳисор, раиси ташкилоти ибтидоии “Табибон” иштирок ва суханронӣ намуданд.
Изатуллои Ҳабибзод - раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор дар суханронии худ зикр намуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарофати соҳибистиқлолии кишвар илм ҷойгоҳи хосса касб намуда, дар сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат ва махсусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба илм ва кормандони илмӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад. Тавре Пешвои муаззами миллат иброз доштаанд: “Мо ба хотири рушди илму маориф тамоми захираву имкониятро равона кардаем ва ин корро минбаъд низ бо маром идома медиҳем”.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои ривоҷи мафкураи давлатию ҷаҳонбинии илмӣ ва баланд бардоштани сатҳи илму дониш, интизом, садоқат ба Ватан ва мардуми Тоҷикистон, таҳаммулпазирӣ, касбият, салоҳиятнокӣ, инчунин татбиқи технологияҳои замонавӣ барои рушду нумӯи кишвар пайваста талош меварзад.
Дар меҳвари Барномаи ҲХДТ васеъ ҷорӣ шудани технологияҳои инноватсионӣ дар фаъолияти муассисаҳои низоми тандурустӣ, баландтар гаштани сатҳи фарогирии кӯдакони маъюб бо хизматрасониҳои муассисаҳои махсусгардонидашуда, ба таври назаррас коҳиш ёфтани фавти модару кӯдак ва баланд намудани давомнокии умр дар шаҳру деҳот, баланд бардоштани савияи дониш, тахассус ва маҳорату малакаи кормандони соҳаи тиб, ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ дар муассисаҳои тиббӣ дар асоси дастовардҳои тибби муосир қарор дорад, ки дар ин самт устодону омӯзгорони Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор корҳои муайянеро ба сомон расонида, ба дастовардҳои назарраси илмӣ ва истеҳсолӣ шарафёб гашта истодаанд.
Дар идома оид ба вазъи сиёсии ҷаҳон, мураккаб гардидани муносибати абарқудратҳо, афзоиши таҳдиду хатар ба пойдории Истиқлолияти баъзе кишварҳо, пешгирии гаравиши баъзе ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, роҳ надодан ба зиёдаравию, хурофопарастӣ, даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, тарбияи кадрҳои баландихтисос дар соҳаи тандурустӣ, назорати доимии донишҷӯён дар вақти таҳсил, иштироки фаъолона дар ҳаёти сиёсӣ ва дигар масъалаҳоро таъкид намуданд.
Дар фаромади ҳамоиш ба 31 нафар кормандони Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор, ки иродаи сиёсиашонро муайян намуда, ба сафи ҲХДТ аъзо шуда буданд, дар вазъияти тантанавӣ шаҳодатномаи узви ҲХДТ супорида шуд.