ҚАДРДОНИИ ҒОЛИБОНИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОИ КИТОБ АСТ"  

    Имрӯз аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иштирокчиёни озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” омӯзгорони Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор" аз қабили Искандарова Маърифат аз рӯи номинатсияи назму наср (наср) сазовори ҷойи дуюм дар даври шаҳрӣ ва Бобораҷаб Фатҳиддин (Сабурӣ) аз рӯи номинатсияи назму наср (назм) сазовори ҷойи якум дар даври шаҳрӣ бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.
         Воқеан боиси ифтихор аст, ки чунин омӯзгорони соҳибтаҷрибаву баландихтисос пай дар пай номи муассисаи моро баланд бардошта дар озмунҳо ва чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ саҳми арзанда мегузоранд.
     Аз номи маъмурияти Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор" ба Шумо барои пирӯз шудан дар давраҳои минбаъда комёбиҳои беназирро таманно дорам.


Аксҳо аз МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ҲИСОР