17.04.2024

МУТОЛИАИ КИТОБ

ҶАВОНОНИ ИМРӮЗА БОЯД ҲАМҚАДАМИ ЗАМОНА БОШАНД, БА МУТОЛИАИ КИТОБ МАШҒУЛ ШАВАНД, ЧУНКИ ОЯНДАИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ ДАР ДАСТИ ҶАВОНОН АСТ.

Эмомалӣ Раҳмон

Дар робита ба ин, дар асоси дастуру супоришҳои вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Абдуллозода Ҷамолиддин Абдулло аз 2 апрели соли 2024, №253 бо мақсади татбиқи воқеии сиёсати фарҳангии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни донишҷӯён, тақвияти неруи зеҳнӣ ва таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ имрӯз донишҷӯёни Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор» ба “Рӯзи дарҳои боз”-и Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини директор оид ба тарбия Сангинов Ҳ.Ҳ. сафарбар карда шуданд.
Сипас, донишҷӯён аз ин махзани илму маърифат дидан намуда, бо дастовардҳои илму дониш ошно гардиданд.
Донишҷӯёни муассиса аз боздиди Китобхонаи миллии Тоҷикистон изҳори хушҳолӣ намуда, зикр карданд, ки Китобхонаи миллӣ аз ганҷинаҳои шукӯҳманди миллати тоҷик маҳсуб меёбад.