АРЗИШҲОИ ТАЪРИХӢ

ГИРОМИДОШТИ АРЗИШҲОИ ТАЪРИХИВУ ФАРҲАНГӢ, КИ ХОСИ МИЛЛАТИ ТОҶИК МЕБОШАНД, ВАЗИФАИ МУҚАДДАСИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД БА ҲИСОБ МЕРАВАД.

Миллати тоҷик аз умқи таърих то ба ҳол дорои фарҳанги пурғановат ва оламшумул буда, бо ин соҳибтамаддунии худ имрўз дар сатҳи байналмилалӣ пазируфта шудааст.

Гиромидошти арзишҳои таърихиву фарҳангӣ, ки хоси миллати тоҷик мебошанд, вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд ба ҳисоб рафта, дар меъёрҳои Конститутсияи ҶТ инъикоси худро пайдо намудаанд. Дар моддаи 44 Конститутсияи ҶТ пешбинӣ гардидааст, ки ҳифзи ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ вазифаи ҳар як шахс ба ҳисоб меравад.

Аз ин рў, огоҳии насли тоҷик аз таърихи гузаштаи миллати соҳибтамаддуни худ, ҳисси миллӣ, хештаншиносӣ ва ватандўстии онҳоро баланд бардошта, ифтихор аз арзишҳои беназири таърихи миллати тоҷикро дар ботини онҳо дучанд мегардонад.

Маҳз бо дарназардошти арҷгузорӣ ба арзишҳои таърихӣ ва фарҳангии миллати тоҷик ва дар асоси Нақшаи чорабиниҳои МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор” оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади “Ташкил намудани ташрифу боздидҳо аз Осорхонаҳои миллӣ, шинос шудан бо бозёфту нигораҳои Тоҷикистон, таъриху тамаддун, мавзеҳои таърихии кишвар” маъмурияти Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор» аз Осорхонаи шаҳри Ҳисор аз осори гузаштагони таърихӣ, фарҳангӣ ва ҳунарҳои дастии ниёгонамон, ки дар Осорхона ба марази тамошо ва шиносоӣ гузошта шудааст, дидан карданд.