09.04.2024

КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ

ИДОМАИ КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ ТАҲТИ УНВОНИ “ТАНЗИМ БАРАКАТИ ЗИНДАГӢ” БО МАҚСАДИ РИОЯИ ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАНЗИМИ АНЪАНА ВА ҶАШНУ МАРОСИМ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН (ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1461)

Дар Муассиса давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор” бо ташаббуси кафедраи фанҳои гуманитарӣ таҳти роҳбарии Қаландаров З.Қ., дар асоси дастури директори муассиса Раҷабов Баҳодур Баҳромович вобаста ба риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон“ бо иштироки муовини директор оид ба тарбия, омӯзгорон ва донишҷӯён аз ҷониби омӯзгори кафедраи фанҳои гуманитарӣ – раиси Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони муассиса Ҳамроев Ф.Р., корҳои фаҳмондадиҳӣ таҳти унвони “Танзим баракати зиндагӣ”гузаронида шуд.
Дар идомаи корҳои фаҳмондадиҳӣ Тафсири Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон“ мавридӣ омӯзиш ва баррасӣ қарор гирифт.
Дар фарҷом аз ҳозирин даъват ба амал оварда шуд, ки ба зиёдаравӣ ва хароҷоти бемаврид роҳ надода, дар рӯзи ид дастархони маънавӣ оро дода, қоидаҳои қонуни мазкурро риоя намоянд.