Дар ҳошияи мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолони ҷомеа ва ходимони дин, ки санаи
9-уми марти соли 2024 баргузор гардида буд, мулоқоти самимӣ ва суҳбати озоду ошкорои директори МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор” Раҷабов Баҳодур Баҳромович бо кормандони муассиса баргузор гардид.
Дар оғози мулоқот зимни суханронии худ директор Раҷабов Баҳодур Баҳромович зикр намуд, ки дар доираи эълон гардидани соли 2024 "Соли маърифати ҳуқуқӣ", ҳамзамон, доир ба иҷроиши босифати дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, ки санаи 9-уми март дар мулоқот бо фаъолони ҷомеа дар назди мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар баргузор гардид, инчунин, дастуру супоришҳои раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 07.03.2024, №1/05-134 ҷиҳати коҳиш додани вазъи ҷинояткорӣ, гаравиши донишҷӯён ба фарҳанги бегона, ғояҳои экстремистию террористӣ, хурофотпарастӣ, зоҳирпарастии динӣ, пешгирии таълимоти ғайриқонунии динӣ, пушидани либоси ғайрирасмӣ, худкушӣ, шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ҷиноӣ, ҷалби бештари кормандон, омӯзгорон ва донишҷӯён ба корҳои созандагию бунёдкорӣ ва илмомӯзӣ, тақвият бахшидани корҳои тарбиявӣ ва пешгирӣ аз омилҳои болозикр, инчунин, татбиқи натиҷабахши Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.03.2006, №94), ҷалби бештари довталабон ба муассиса ва зери назорати қатъӣ қарор додани ҳаракат (давомот)-и донишҷӯён, пешгирӣ, ошкор ва таъқиби дахлдор қарор додани унсурҳои экстремистию террористӣ, пешгирии таблиғи динситезӣ ва дингароӣ дар муассиса, МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор” нақшаи чорабиниҳои махсус таҳия намуда, дар ин замина бедор намудани ҳисси ватандӯстиву меҳанпарастӣ силсилавохӯриҳоро бо кормандон ва омӯзгорон махсусан донишҷӯён баргузор намуда истодааст.
Чуноне номбурда дар идома таъкид дошт, саҳм гузоштан дар ободиву созандагӣ, пешрафту шукуфоӣ ва дар арсаи байналмиллалӣ муаррифӣ намудани кишвари азизамон – Тоҷикистон аз ҳар як ҷавони худогоҳ ва донишҷӯи заковатманд вобастагии калон дорад. Бо назардошти вазъи тағйирёбандаи ҷаҳони муосир директори муассиса Раҷабов Баҳодур Баҳромович аз ҳозирин даъват ба амал овард, то худро бетараф нагирифта, ҷиҳати таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва пешгирии амалу кирдорҳои халалдоркунандаи тартиботи дохилимуассисавӣ фаъолиятро дуруст ба роҳ монанд.
Қайд гардид, ки маҳз дар ҳамбастагӣ бо ҳамдигар метавон волоияти қонун ва назму тартиботро дар муассиса таъмин кард