04.03.2024

СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ

            Мавҷудияти маърифатнокии баланди ҳуқуқии шаҳрвандон яке аз унсурҳои муҳими ҷомеаи солим ва заминаи устувор барои пешрафти он ба шумор меравад. Дар баробари ин қонунгузорӣ дар мамлакатҳои демократӣ бояд эҳтиёҷоти шаҳрвандонро ба зиндагии шоиста таъмин намояд ва шаҳрвандон бошанд аз чунин давлатдорӣ эҳтиром ба ҷо биёранд ва талаботҳои онро риоя намоянд. Мутобиқи Моддаи якуми Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ барои таъмини талаботи ин моддаи муҳими қонуни асосӣ саъю кӯшиш ба харҷ дода, то имрӯз дар ин самт корҳои назаррасе ба анҷом расонида шудаанд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон озодии инсон, мудохила ба ин арзиш, бехатарии шаҳрвандон бо роҳи пешгирӣ ва амали ҷазо ҳангоми вайрон намудани талаботҳои қонунгузорӣ зери назорати қатъӣ қарор дорад. Омилҳои асосии мавҷудияти сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, пешрафти сиёсию иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ дар мамлакат маҳз таъмини волоияти қонун ва риояи талаботи қонунгузории мамлакат дар самти пешгирии амалҳое, ки ба категорияи ҷиноят дохил мешаванд маҳсуб мебошад. Мо солҳои 90 – умро хуб ба ёд дорем. Солҳое, ки дар Тоҷикистон аз беқудратии ҳукумати онвақтаи мамлакат гурӯҳҳои ифротӣ хостанд табодулот ба вуҷуд биёранд. Ин омилҳо сабабгорӣ сар задани ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон гашт. Агар мо шароити он рӯзҳоро дар масъалаи тартиботи ҷамъиятӣ, ҳимояи ҳуқуқу озодии инсон, фаҳмиши сиёсии мардум нисбат ба ҳолати ҳозира муқоиса намоем хуб дарк менамоем, ки фарқият байни замину осмон мемонад. Зеро он рӯзҳо бинобар ҷанги шаҳрвандӣ ва ҳатто тули якчанд солҳо баъди он сатҳи ҷинояткорӣ дар намудҳои терроризму экстремизм, одамрабоӣ, қатли одамон, дуздии моликияти давлатию шахсӣ, хариду фурӯш ва истеъмоли маводи нашъаовар ва ғайра хеле баланд буданд. Одамони зиёд ба ақидаҳои бардурӯғи як гурӯҳи хурде, ки бо ваъдаи гӯё беҳтар намудани шароити зиндагии одамон ва озодӣ бовар карда, ба майдон баромаданд ва бар зидди ҳукумати бо роҳи конститутсионӣ ташкилёфта бархостанд аз паст будани маърифати ҳуқуқии мардум дар он замон шаҳодат медиҳад. Шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои террористию экстремистӣ ва даст задан ба ҷиноятҳои вазнин, бо ин сабаб пушти панҷара рафтани онҳо, бепарастору аз тарбия дур мондани фарзандони онҳо таъсири манфӣ ба бехатарии ҷамъиятӣ расонид.
Бо кӯшишу талошҳои Президенти кишвар, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии аҳолии кишвар ваҳдати миллӣ ва волоияти қонун дар ҷумҳурӣ барқарор гардид. Имрӯзҳо бо барқароршавии сохти давлатдорӣ, рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар сатҳи ҷинояту ҷинояткорӣ дар кишвар хеле пойин рафтааст. Вале имрӯзҳо низ ҳастанд қувваҳое, ки аз хориҷ идора ва маблағгузорӣ мешаванд ва кӯшиши онро доранд, ки ба сулҳу амонӣ ва ваҳдатӣ миллӣ дар ҷумҳурӣ рахна зада, боз Тоҷикистони озодро ба алангаи ҷангу ҷидол андозанд. Барои пешгирӣ аз ин ҳодисаҳо ба мардуми кишвар, бахусус ҷавонон доштани дониши баланди сиёсӣ, ҳисси ватаншиносию хештаншиносӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва расидан ба қадри сулҳу осоиштагӣ хеле зарур шуморида мешавад.
Аз ин рӯ Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ соли 2024 – ро соли маърифати ҳуқуқӣ эълон намуданд.
То имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва таълиму тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон қабул карда шудаанд, аз ҷумла фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 апрели соли 1997, № 691 "Дар бораи сиёсати ҳуқуқӣ ва таъмини тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон", қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 августи соли 1997, №383 "Дар бораи баъзе чораҳои беҳтар намудани тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ва кори ҳуқуқӣ дар ҷумҳурӣ", қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2006, № 94 "Дар бораи тасдиқи Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон", фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 феврали соли 2018, №1005 "Дар бораи Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028", инчунин Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз "27" ноябри соли 2019, № 599 тасдиқ карда шудаанд, амалӣ карда мешавад.
Маърифати ҳуқуқӣ ба шаҳрвандон имконият медиҳад, ки аз ҳуқуқҳои худ ва аз он имконияту имтиёзҳое, ки давлат барои онҳо фароҳам овардааст васеъ истифода намоянд ва албатта даст ба қонунвайронкунӣ, ки метавонад боиси халалдор гаштани зиндагии осоиштаи онҳо ва аз таълиму тарбия дур мондани фарзандон гардад пешгирӣ намоянд.
​ Дар амалисозӣ ва ба аҳолӣ фаҳмонидани моҳиятҳои санандҳои меъёрию ҳуқуқии аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабулгардида вазифаи ҳар як зиёии кишвар, роҳбарияти корхонаю идораҳо ва муассисаҳои таълимӣ бояд бошад, маҳз дар ин сурат мо метавонем ба натиҷаҳои назаррас дар ин самт ноил гардем.
Чи тавре, ки Президенти кишвар дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ қайд намуданд “Амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии кишварамонро таъмин намоем, барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро муҳайё созем”.
​ Амалисозии мақсадҳои дар Паёми Президенти кишвар ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ тақозои замон буда, дар роҳи боз ҳам мустаҳкам намудани заминаи сулҳу субот, амнияти миллӣ ва рушди кишвари демократӣ нақши муҳим дорад