Маълумоти коллеҷ

Дар бораи коллеҷ

Маълумоти тасдиқшуда дар бораи Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор».

Маълумоти умумӣ

Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор» дар шаҳри Ҳисор ҷойгир буда, ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии соҳаи тандурустӣ дохил мешавад.

Таърих

Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор” дар асоси қарори коллегияи Вазорати мактабҳои олӣ ва миёнаи махсуси СССР аз 29.05.1986 тахти №15, фармоиши Вазорати тандурустии РСС Тоҷикистон аз 16-уми июли соли 1986 таҳти №724 ва мактуби директивии Вазорати нигоҳдории тандурустии СССР аз 26-уми июни соли 1986 таҳти №156 филиали дар ноҳияи Ҳисор будаи Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Душанбе ба «Омӯзишгоҳи тиббии ноҳияи Ҳисор» табдил дода шуд. Дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №148 аз 3-юми марти соли 2014 «Дар бораи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Омӯзишгоҳи тиббии ноҳияи Ҳисор ба Коллеҷи тиббии ноҳияи Ҳисор табдил дода шуд. Ҳамзамон дар асоси Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2016, №204 дар бораи ноҳияи Ҳисор ба шаҳри Ҳисор табдил ёфтан, ва  Коллеҷи тиббии ноҳияи Ҳисор ба Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор номгузорӣ карда шуд.

Самтҳои омодасозӣ

Дар феҳристи расмии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ самтҳои кори табобатӣ, кори момодоягӣ, кори тиббию ташхисӣ, кори ҳамширагӣ, кори фармасевтӣ, кори табобати дандон ва кори дандонсозӣ номбар шудаанд.